ХОНААМРО ГАРМ КУНАД ҲАМ...

Омӯзгори муҳтарам, шахси фарҳангдӯсту адабпарвар Абдулло Сангинов, аз ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё дар мавриди обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» арзи як нафар ҳамзабони бухороиамонро, ки дар Фейсбук дидаанд, дар шабакаи иҷтимоӣ овардаанд, ба ин маънӣ, ки «забони газета душвор асту мо онро хонда намефаҳмем, аз ҳамин сабаб обуна намешавем, онро дастрас кунем ҳам, ғайр аз макалатура (коғазпора) дигар ба чизе кор намеояд.

Агар забони газета ба шеваи мо, бухороиҳо мебуд, ба он обуна мешудем»...
Албатта, ин фикри шахсии як нафар аст ва  онро чандон ҷиддӣ набояд гирифт. Аз он бародари бухороӣ, ки ин ҳарфҳоро гуфтааст, аслан  хафа ҳам набояд шуд, зеро маълум, ки худ тоҷик ҳам бошад, дар мактаб ба ин забон таълим нагирифтааст, забони адабӣ, аз ҷумла, забони «Овози тоҷик»-ро намефаҳмад...  
Гилаи мо аз ҷойи дигар аст...
Оё кам ҳастанд нафароне, ки худ тоҷиканду дар мактаб низ ба забони модарӣ таълим  гирифтаанд, маълумоти олӣ ҳам доранд, забони адабиро мефаҳманд, имкониятҳои иқтисодиашон низ хуб аст, яъне нодор нестанд, аммо ба ягона рӯзномаи умумиҷумҳуриявӣ — «Овози тоҷик», ки таърихи қариб садсола дораду мояи ифтихори мо —  тоҷикон  буду  имрӯз ҳам бояд чунин бошад, обуна намешаванд?  Агар дар назди онҳо  аз обуна ва дастгирии рӯзнома гап кушоед, ҳазору як баҳона пеш меоранд, аз қабили «дар газета мақолаҳои расмӣ бисёр чоп мешаванд, чизи хонданӣ надорад, забонаш душвор шудааст» ва ғайраву ҳоказо. 
Яъне бо ҳар роҳу восита худро ҳақ бароварданӣ мешаванду аз тақдири ояндаи ин нашрияи ягонаи умумиҷумҳуриявии тоҷикӣ, ки имрӯз ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ аст, парвое надоранд.
Дар робита ба ин як ҳикояти воқеиро меоварам, ки охири солҳои ҳаштодум  дар як нишаст аз забони дӯстам, омӯзгори соҳибзавқ ва рӯзноманигори хушсалиқа шодравон Садриддин Тоҷиддинов шунидаам: 
Дар мактаби мо (мактаби рақами 45-уми ноҳияи Сариосиё), – гуфта буд ӯ, —  як муаллими забони русӣ ҳамроҳамон кор мекард, ки аз тоторҳои Қрим буд. Боре дар сардиҳои зимистон ӯ бемор шуду чанд рӯз ба кор наомад. Мо се-чор нафар омӯзгорон ба аёдаташ рафтем. Дасторхон орост, андак нишаста суҳбат кардем. Чашмам дар як гӯшаи миз ба як бастаи рӯзнома афтод. Варақ задам, рӯзномаи «Ленин байрагы» буд, ки ба забони тоторҳои Қрим дар Тошканд чоп мешуд. Аҷибтар аз ин он буд, ки аз як шумора якчанд нусха меистод. Гумон кардам, ки шояд хаткашон рӯзномаҳои чанд нафарро барои тақсим кардан ба вай супурдааст. 
– Инҳо ҳамааш аз худатон ё аз они дигарҳо ҳам ҳаст? – пурсидам аз соҳибхона. 
– Ҳамааш аз они худам, – гуфт  ӯ. – Ман ҳар сол танҳо худам ба бист нусха  «Ленин байрагы» обуна мешавам.
– Аҷоиб-ку! Чаро якто нею бистто? Охир якто ба ин рӯзнома боқӣ ба дигар газетаю журналҳо обуна шавед, хуб нест? – суол додам боз.
– Эҳ, Садриддин, ман ба ту чӣ хел фаҳмонам? Мо қрим-тоторҳо дар Ӯзбекистон бисёр нестем, вале ҳукумат ба забони модарии мо ҳам газета чоп мекунад. Агар ҳар яки мо яктоӣ обуна шавем,  ин чандон бисёр намешавад ва хавфи баста шудани рӯзнома пеш омаданаш мумкин. Бинобар ҳамин ман ҳар сол якбора ба бист нусха обуна мешавам. Чанд нафар дӯстони дигар ҳам даҳ-бист нусхагӣ  обуна мешаванд. Эээ,  дар печка алав монда  хонаамро гарм кунам ҳам, бо рӯзномаи тоторӣ гарм кунам, – ҳазломез посух дод ӯ...
Инро дидаву суханҳои самимиву дилсӯзонаи ӯро бо гӯши худ шунида,  нисбат ба ин муаллими одӣ, ки пештар низ барои донишу маҳорати хуби омӯзгориаш ҳурмат мекардам, ҳисси эҳтиромам даҳчанд зиёд шуд, – хулоса кард Садриддини худораҳматӣ, ки худаш низ аз ҳамин қабил инсонҳои худшинос ва баору номус буд...
Ана ғуруру ифтихори миллӣ, ана нанг, ана номус!
Мо чӣ? Ақаллан аз сад нафар як нафарамон оё ба рӯзномаи миллии худ обуна  мешавем? 
Худо медонад...

Турдиқул ҲАСРАТОВ, 
собиқадори матбуоту маориф, директори мактаби рақами 29, ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: