Apple аз лоиҳаи истеҳсоли мошинҳои барқӣ даст кашид

Таъкид карда мешавад, ки ширкат ба рушди зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ кардааст.

Apple тасмим гирифт, ки яке аз лоиҳаҳои дар таърихи худ бузурги -- истещсоли мошини барқиро, ки 10 сол пеш оғоз шуда буд, коҳиш диҳад.  Дар ин бора ВВС хабар додааст.

 Тақрибан 2000 нафар дар Project Titan кор мекарданд, ки онро Apple ба таври махфӣ анҷом медод ва дар ширкат онҳо бо номи Гурӯҳи Лоиҳаҳои махсус маъруф буданд.  Ҳоло як қисми онҳо ба шуъбаи коркарди соҳаи зеҳни сунъӣ интиқол дода мешаванд.

 Худи Apple ин хабарҳоро шарҳ надодааст.

 Гуфта мешавад, ки вақтҳои охир талабот ба мошинҳои барқӣ коҳиш ёфта, бозори мошинҳои барқӣ рақобатпазиртар мешавад.  Ҳатто Тесла, ки аз сӯйи соҳибкор Илон Маск бунёд шудааст, ба далели рақобати шадиди истеҳсолкунандагони Чинӣ маҷбур шудааст, ки нархи мошинҳои барқии худро дар бозорҳои асосии ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо ва Чин коҳиш диҳад.

Apple лоиҳаи мошинҳои барқиро дар пасманзари афзоиши таваҷҷуҳ ба мошинҳои худгард дар водии кремний оғоз кард ва нақша дорад, ки дар соли 2024 ё 2025 мошини электрикиро ба фурӯш гузорад.

Ин ширкат миллиардҳо долларро барои пажӯҳиш ва коркардҳо сарф кардааст, консепсияи ибтидоӣ истеҳсоли мошинаи бе чанбару педалҳо буд ва аммо гуфта мешавад, баъдан аз ин ғоя бояд даст кашид.

То ба ҳол Apple дар соҳаи зеҳни сунъӣ аз дигар гигантҳои технологӣ ақиб мондааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: