Барномаи чорабиниҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба анҷом расид.
Як рӯз қабл музокироти сарвари Ӯзбекистон бо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати маҳдуд ва васеъ сурат гирифт. Дар натиҷа сарони давлатҳо Шартномаи муносибатҳои иттифоқиро ба имзо расониданд, ки дар муносибатҳои дуҷониба марҳалаи нави таърихӣ гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба як гурӯҳ ходимони фарҳангу ҳунари ду кишвар, ки бо фармонҳои Президентҳо ба онҳо унвонҳои баланди фахрӣ дода шудаанд, баргузор шуд. Роҳбарон якҷоя консерти муштараки «Шоми дӯстӣ»-ро тамошо карданд.
Шавкат Мирзиёев имрӯз бо Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазир Қоҳир Расулзода мулоқот анҷом дод.
Сарони давлатҳо бинои нави сафорати кишварамонро дар Душанбе ба таври тантанавӣ ифтитоҳ намуда, инчунин бо намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон шинос шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвари давлатамонро Президент Эмомалӣ Раҳмон гусел кард. Президент Шавкат Мирзиёев ба Тошканд баргашт.