Дар рейтинги SDG Index барои соли 2023-юм, ки Шабакаи коркарди қарорҳо дар соҳаи рушди устувор (SDSN) ва коршиносони байналхалқӣ интишор намудаанд, Ӯзбекистон дар байни 166 кишвари ҷаҳон бо индекси 71,1 мақоми 69-умро ишғол кард.
Бинобар маълумоти Кумитаи давлатии омор Ӯзбекистон нишондиҳандаи худро нисбати соли 2022-юм 8 зина боло бардошт, ки имкон дод мамлакат аз ҷойи 77-ум (индекси 69,9) ба мақоми 69-уми рейтинги умумӣ барояд.
Мувофиқи ҳисобот бинобар индекси Ҳадафҳои рушди устувор (SDG Index) барои соли 2023-юм дар Ӯзбекистон рушди мусбати 10 нишондиҳандаи ҳадафҳои рушди устувор ба қайд гирифта шудааст:
– коҳиши нодорӣ дар мамлакат;
– таҳкими саломатӣ ва кумак барои фаровонҳолӣ;
– пешниҳоди таълими босифат;
– муваффақшавӣ ба баробарии гендерӣ;
– оби тоза ва санитария;
– саноатикунонӣ, инноватсия ва инфрасохтор;
– рушди устувори шаҳрҳо ва деҳкадаҳо;
– мубориза бо тағйироти иқлим;
– сулҳу салоҳ, адолат ва идоракунии самарабахш;
– ҳамкорӣ барои рушди устувор.
АИ «Дунё».