ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ҶАШНИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар ин рӯзҳо халқи бисёрмиллатамон бо шавқмандӣ ва кушиши зиёд фаъолона ба ҷашни руйдоди фаромӯшнопазири таърихӣ, ки дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавии мамлакат марҳалаи навро кушод – 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тайёрӣ мебинанд.

31 августи соли 1991 халқамон ҳуқуқи худмуайянкунии тақдири худ, сарнавишти Ватан ва ояндаро соҳиб гардид. Дар харитаи ҷаҳон давлати нави мустақил – Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайдо гардид.
Дар давраи кӯтоҳи таърихии гузашта ба туфайли меҳнати шуҷоатнок ва иродаи қатъии халқ тараққиёти нав молики худшиносии миллӣ гардид, эҳёи таърихи қадима ва маданияти ғанӣ, арзиш ва анъанаҳои қадимаамон барқарор гардида, ҳаёти давлат ва ҷамъият куллан тағйир ёфта, мамлакат дар арсаи ҷаҳон ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намуд.
Ҳоло мо ҷамъият ва давлати нав барпо менамоем, ки дар он ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз миллат, забон ва эътиқод озодона ва фараҳмандона зиндагӣ мекунад ва бо ин мақсадҳо ислоҳоти доманфарохро дар тамоми соҳаҳо ва ҷанбаҳо дар роҳи тараққиёти миллӣ муттасил идома медиҳем. Руйдодҳои муҳиме, ки дар ҳаёти сиёсии мамлакат ба қарибӣ ба вуқӯъ пайвастанд, аз он ҷумла қабули Конститутсияи таҷдидёфта, бори дигар аёнан собит намуд, ки халқамон ислоҳоти ҷориро комилан дастгирӣ менамояд, ки ба сохтмони Ӯзбекистони Нав, ташаккули пойгоҳи Эҳёи сеюм нигаронда шудааст.
Натиҷаҳои бадастовардаамон сарфи назар аз вазъияти мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон, хусусан дар рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт ва вогузоштани имконоти васеъ барои соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, коҳиши қашшоқӣ, афзоиши дараҷаи ҳаёти аҳолӣ, сифати хидмати тиббӣ ва таълим бинобар стандартҳои ҷаҳонӣ, ободонии шаҳру деҳот, боло бурдани нақш ва нуфузи мамлакатамон дар арсаи ҷаҳонӣ зуҳур меёбад. Аз ҳама муҳимаш, ҳар як ҳамватанамон ҳамаи ин бозсозиро дар мисоли ҳаёти худ эҳсос менамояд.
Бо мақсади муносиб пешвоз ва ҷашн гирифтани 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар дараҷаи баланд, ки асоси тамоми дастовардҳоямон, манбаи неру ва қувва, ифтихор ва илҳомамон дар муттасил идома додан ва афзудани ислоҳоти оғозгардида ба шумор меравад:
1. Ҳайати Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Комиссияи ҷумҳурӣ) бинобар иловаи №1;
Барномаи чорабиниҳои ташкиливу амалӣ ва маънавиву маърифатӣ, ки дар худ ғояи неки «Ба хотири ҳаёти нав, ба хотири Ӯзбекистони Нав!»-ро (минбаъд – Барнома) таҷассум менамояд, бинобар иловаи №2 тасдиқ карда шавад.
2. Ба Комиссияи ҷумҳурӣ (А.Арипов):
татбиқи чорабиниҳо босамар таъмин карда шавад, ки бинобар Барнома пешбинӣ мегардад ва ҳамчунин васеъ ҷашн намудани 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Ҷашни истиқлолият) дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳо, деҳот ва авулҳои мамлакат;
гурӯҳҳои равшаннамоӣ аз ҷумлаи арбобони маъруфи илм, маданият ва санъат, варзишгарон бо мақсади босамар баргузор намудани вохӯриҳои «се насл» дар байни ҷамъияти васеъ дар тамоми минтақаҳо, конфронсҳо, шабнишиниҳои адабиву бадеӣ, рӯзҳои кинои миллӣ, ҷашнвораҳои гастрономӣ, сайрҳои халқӣ, чорабиниҳои маданӣ ва варзишие, ки ба Ҷашни истиқлолият бахшида мешаванд, ташкил карда шаванд;
дар ҷамъомадҳои худ ҳисоботи роҳбарони ҳар як минтақа, вазорат ва идораҳо дар бораи ҷараёни иҷрои чорабиниҳои муқарраргардида мунтазам шунида шавад.
3. Ба омодагии барномаҳои ҷашнӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҷумлаи соҳибони истеъдоди баланди касбӣ ва таҷрибаи марбути сенариянависон ва коргардонҳо, нависанда ва шоирон, оҳангсозон ва балетмейстерон, ороишгарони саҳна, иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавон, намояндагони санъати мақом ва бахшӣ васеъ ҷалб карда шаванд.
4. Бо мақсади дар маҳалҳо баргузор намудани Ҷашни истиқлолият дар рӯҳи имрӯз ба масъалаҳои зерин эътибори алоҳида нигаронда шавад:
дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоаҳои меҳнатӣ вохӯрӣ ва суҳбатҳои маънавиву маърифатӣ дар бораи ислоҳоти куллие, ки мутобиқан бо Конститутсияи таҷдидёфта ва дар доираи самтҳои бартариноки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» татбиқ мегарданд, ташкил карда шаванд;
васеъ равшан намудан, дар асоси мисолҳои дақиқ, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ислоҳоти доманфарох оид ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва натиҷаҳои он баргузор мегарданд;
ҳамаҷониба нишон додани аҳамияти принсипи ҳаётан муҳими «Ҳар рӯз – ин имконот, ҳар рӯз – ин пойгоҳи оянда»;
барномаҳои иҷтимоии татбиқгарданда оид ба рушди тандурустӣ, илм, маданият ва санъат, варзиш, ғамхорӣ ва эътибори ҳамешагӣ ба насли калонсол, занон ва ҷавонон, мустаҳкам намудани ҳифзи оила, модар ва кӯдак;
то ба ҷомеаи васеъ расондани моҳият ва муҳтавои корҳои ҷорӣ оид ба минбаъд мустаҳкам намудани дӯстӣ ва мусолиҳаи байни вакилони миллат ва динҳои гуногун, таъмини сулҳ ва суботи ҳаёт дар мамлакат;
тавзеҳ додани корҳои ҷорӣ бо мақсади татбиқи принсипи «Халқ ва армия ягона», баланд бардоштани потенсиали ҳарбӣ ва маънавиву психологии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки замонати эътимодноки истиқлолият, бехатарӣ ва якпорчагии Ватанамон ба шумор мераванд;
ба муносибати Ҷашни истиқлолият баргузор намудани чорабиниҳои хайрия, ки ба кумаки манзилӣ ва дастгирии моддии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони фронти меҳнатӣ, солхӯрдагон, шаҳрвандоне, ки ба «Руйхати ягонаи ҳимояи иҷтимоӣ»,  дафтарҳои «оҳанин», «занон», «ҷавонон», «дафтари шафқат» дохил гаштаанд ва эҳтиёҷманди ғамхорӣ ва кумак ҳастанд, нигаронда шудаанд.
5. Ба Вазорати маданият (О.Назарбеков):
якҷоя бо Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар муддати як ҳафта барнома ва сенарияи консерти намоишии театрикунонидашударо, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад ва ба Ҷашни истиқлолият бахшида шудааст, таҳия намояд ва инчунин бобати тайёрии намоиши мазкур дар дараҷаи баланди ғоявӣ ва бадеӣ чорабиниҳо андешад;
якҷоя бо Академияи бадеии Ӯзбекистон, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон дар дараҷаи баланд баргузор намудани чунин азназаргузаронӣ-озмунҳои анъанавии «Образи Ватан – аз нигоҳи рассомон», «Зиндагӣ ба хотири Ватан!», «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз»-ро  таъмин намоянд;
якҷоя бо Академияи бадеии Ӯзбекистон, Иттифоқи оҳангсозон ва бастакорони Ӯзбекистон баргузор намудани марҳалаи ниҳоии озмун барои суруд ва асари мусиқии беҳтарине, ки истиқлолияти мамлакатро тараннум менамояд, баргузор намоянд;
номҳои ғолибон ва ҷоизадорони озмунҳои мазкурро эълон намояд ва мукофотонии онҳоро дар вазъияти тантанавӣ дар арафаи Ҷашни истиқлолият баргузор намояд.
6. Муқаррар карда шавад, ки чорабиниҳои ҷашнии баргузоршаванда аз ин ҳисоб таъмини молиявӣ мегарданд:
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои марбути маҳаллӣ, инчунин маблағи хайрияи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
дар шаҳри Тошканд – аз ҳисоби маблағи буҷаи ҷумҳурӣ ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд ба ҳисоби баробар бинобар сметаи хароҷоте, ки Комиссияи ҷумҳурӣ тасдиқ намудааст.
7. Ба Ширкати миллии телерадиои Ӯзбекистон, Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Агентии иттилоотии «Дунё» ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан намудани кори тайёрӣ ва баргузор намудани Ҷашни истиқлолият тавсия гардад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон О. К. Абдураҳмонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 27 июли соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: