Президентҳои Ўзбекистон ва Белорус масъалаҳои густариши амалии ҳамкориро баррасӣ намуданд

24 июл мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко баргузор гардид.

Раҳбари Белорус сарвари Ӯзбекистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба халқи дӯсти сермиллати Ӯзбекистон сулҳ, бахту саодат ва шукуфоӣ орзу намуд.

Президентҳои ду кишвар рушди босуръати муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Беларусро, ки дар солҳои охир мушоҳида мешаванд ва аз мазмуни мушаххас ғанӣ мегарданд, бо қаноатмандӣ қайд намуданд.

Ҳаҷми муомилоти моли мутақобила меафзояд, шумори лоиҳаҳои бомуваффақияти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт зиёд мегарданд, табодули соҳаи маориф ва фарҳангиву гуманитарӣ вусъат меёбад.

Ба муколамаи мунтазаму пурсамар дар сатҳи сарони ҳукуматҳо баҳои баланд дода шуд. Дар соҳаи мошинсозӣ, маҷмӯи агросаноатӣ, саноати кимиё, дорусозӣ ва электротехникӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории амалӣ лоиҳҳои пешогмаднок таҳия мегарданд.

Аз рӯи мушкилоти байналхалқӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт. Масъалаҳои рӯзномаи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: