ПИСАРАМ

Хабари доктори фан шудани фарзандам Ҳикматуллоро шунида, аввал чизе нафаҳмидам.

Охир писарам муаллим аст, чӣ тавр доктор шуданаш мумкин? 
Ҳайрониамро пай бурда, духтарам Наргис гуфт: – Модарҷон, доктор ин духтур гуфтагӣ гап нест, унвони илмист, ба ин гуна унвон ҳар кас ҳам муваффақ шуда наметавонад. 
Баъд аниқтар фаҳмонд: – Писаратон рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Вай акнун доктори илмҳои филологӣ.
Дили модар чӣ мехоҳад, барояш мукофоти беҳтарин чӣ аст, ба ҳар кадоми мо маълум: дидани камоли вай, бахти фарзанд, ба муваффақиятҳои ҳаётиаш шарик шудан. Вақте ба чунин рӯз расид, вай зани аз ҳама саодатманд.
Ман зодаи деҳаи Янгиариқи ноҳияи Сӯх мебошам. Дар деҳаи Ровон истиқомат мекунам. Шукри бисёр ба Парвардигор, чаҳор фарзанд дорам. Духтарам Наргис – фаъоли занону духтарон дар маҳалла. Ӯ низ аз қабили бонувонест, ки худро бахтиёр ҳис мекунанд. Назари Президентамон ба Наргиси ман афтода, соли 2022 ба вай туҳфаи роҳбари давлат – автомобили «Спарк» туҳфа карда шуд. Баъди чанде писарам, ки устоди донишгоҳ аст, докторӣ дифоъ намуд. 
Соли 2024 низ барои оилаи мо бобарор  омад. Бинобар баъзе сабабҳо унвони ҳарбии писарам Қобилҷон бекор карда шуда буд. Барқароршавии унвони ҳарбии вай ба хонадон, хусусан ба падару модар хурсандии калон бахшид. Мегӯянд, ба вай музди даҳсолаи меҳнаташро рӯёнда медиҳанд.
Ин ҳама далел бар он ки дар мамлакатамон адолат устувор ва пояҳои қонунгузорӣ мустаҳкаманд.
Ба модарони ҷавон чӣ гуфтаниам? 
То имкон будан фарзандони худро дар рӯҳи меҳнатдӯстӣ тарбия намоед. Дар қалб ва рӯҳияи онҳо эҳсоси одамият ва мардумпарвариро ҷойгузор созед. Фарзанде, ки дар оила тарбияи дуруст гирифт, ҳеч вақт ба халқу Ватан хиёнат намекунад. Бахту камоли фарзанд дидан, вориси ба аҷдод муносиб омода сохта, раҳмат гирифтан ба ҳар яки шумо насиб кунад. 
Умри фарзандон дароз бод!

Сабоҳат ДӮСТМАТОВА, сокини маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: