Ҷанбаҳои амалии ҳамкории Ўзбекистон ва АМА баррасӣ шуданд

29 январ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева раиси Шӯрои рақобатпазирӣ, муовини вазири корҳои ҳукумат оид ба масъалаҳои рақобатпазирӣ ва мубодилаи дониши Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Носир Лутро қабул кард.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи равобити бисёрҷанбаи байни Ўзбекистон ва АМА, аз он ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ баррасӣ шуданд.

Чунон ки маълум аст, дар солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкории мамлакатҳои мо пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар соли 2022 2,1 маротиба (518,6 миллион доллар) ва соли 2023 нисбат ба соли 2022 (625,9 миллион доллар) 21 фоиз афзуда, шумораи корхонаҳо бо иштироки АМА ба 300 адад расид.

Зимни суҳбат зарурати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои савдо тавассути фаъол гардонидани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар ин самт таъкид гардид.

Дар рафти мулоқот ба корҳо бо рейтингу индексҳои байналмилалӣ, ноил гардидан ба Мақсадҳои рушди устувор, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.  

Инчунин, ба муносибати дар Ӯзбекистон Соли дастгирии ҷавонон ва таиҷорат эълон шудани соли равон роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар чунин самтҳо, аз қабили кор бо ҷавонон, таҳсилот, шуғли аҳолӣ, таъмини иштироки ҷавонон дар чорабиниҳо дар як қатор самтҳои муосири пешрафта, хуллас, таъмини рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон баррасӣ шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: