НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ЭЪЛОН ГАРДИДАНД

Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор шуд.

Ҷамъомади навбатии Комиссияи марказии интихоботӣ баргузор шуд. Он таҳти сарварии раиси Комиссияи марказӣ З.Низомхӯҷаев гузашт.
Аъзои комиссия масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки 24 октябри соли 2021 ба вуқӯъ пайваст, баррасӣ карданд.
– Бо вуҷуди шароити мураккабе, ки алҳол туфайли пандемия ба миён омадааст, дар асоси талаботи қоидаҳои карантин ба интихоботи Президентӣ беш аз 16 миллион ё худ 80,4 фоизи интихобкунандагон иштирок карда, ба номзади муносиби худ овоз доданд, – гуфт З.Низомхӯҷаев. – Аз фурсат истифода бурда ба тамоми аъзои комиссияҳои интихоботии кулли ҳавза ва қитъаҳое, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо тайёрии пухта иштирок карда, онро дар асоси қонунгузории миллии интихоботӣ, мувофиқи тамоилҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи демократӣ ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузарониданд, ба вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва дигар мутасаддиён, бахусус намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ миннатдории самимии худро изҳор менамоям.
Таъкид шуд, ки ҳайати созмонҳои байналхалқӣ, тақрибан ҳазор нафар мушоҳидони давлатҳои хориҷӣ, садҳо журналистони хориҷӣ, ки интихоботи Президентиро бо эътибори бузург назорат карданд, дигаргуниҳои муҳимеро, ки дар муддати кӯтоҳ бинобар қонунгузории интихоботии мамлакати мо амалӣ шудаанд, махсус эътироф намуданд.
Мувофиқи моддаи 95-уми Кодекси интихоботӣ натиҷаи интихобот бинобар ҳавзаҳо танҳо баъд аз тақдим гардидани баённомаҳои комиссияҳои интихоботии қитъаҳо муайян карда шуд. Комиссияи интихоботии ҳавзавӣ миқдори умумии интихобкунандагонеро, ки ба руйихати интихобкунандагони ҳавза дохил карда шудаанд, миқдори интихобкунандагоне, ки бюллетенҳои интихоботро гирифтаанд, миқдори интихобкунандагоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, миқдори овозҳое, ки ба тарафдории ҳар як номзад дода шудаанд, ҳамчунин миқдори бюллетенҳои интихоботие, ки ғайриҳақиқӣ шумурда шуданд, муайян мекунад.
Натиҷаҳои интихоботи ҳавзавӣ дар маҷлиси комиссияҳои интихоботии ҳавза муайян карда мешавад ва ба баённома ворид мегардад. Баённома аз ҷониби раиси комиссия, муовини раис, котиби раис, дигар аъзои он имзо мешавад ва ба комиссияи дахлдори интихобот тақдим мегардад. Аз 14 комиссияи интихоботии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мегузаронанд, баённома дар бораи муайян кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ ҳавзаи интихоботӣ мувофиқи тартиби муайяншуда ба Комиссияи марказии интихоботӣ расонида мешаванд.
Миқдори овозҳое, ки ба тарафдории ҳар як номзад аз ҷониби интихобкунандагони ба овоздиҳӣ ширкатҷуста дода шудааст, ба тариқи зер мебошад:
 Ба номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон – «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов – 549 ҳазору 766 нафар ё худ 3,39 фоизи интихобкунандагон;
Ба номзад аз Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев – 12 миллиону 988 ҳазору 964 нафар, ё худ 80,2 фоизи интихобкунандагон;
Ба номзад аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов – 670 ҳазору 641 нафар, ё худ 4,14 фоизи интихобкунандагон;
Ба номзад аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон Алишер Қодиров 888 ҳазору 515 нафар, ё худ 5,48 фоизи интихобкунандагон;
Ба номзад аз Ҳизби демокративу халқии Ӯзбекистон Мақсуда Ворисова – 1 миллиону 75 ҳазору 16 нафар, ё худ 6,63 фоизи интихобкунандагон овоз додаанд.
Миқдори бюллетенҳои интихоботие, ки ғайриҳақиқӣ дониста шудаанд, 39 ҳазору 443 адад, ё худ 0,24 фоизро ташкил дод.
Баённомаҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баргузор карданд, аз ҷониби аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ санҷида шуданд. Мувофиқи натиҷаи санҷиш эътироф гардид, ки баённомаҳои мазкур дар пояи Кодекси интихоботӣ ва талаботи Комиссияи марказии интихоботӣ аз 14 апрели соли 2021 дар бораи Низомномаи тартиби фаъолияти комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мегузаронанд, расмӣ кунонида шудааст.
Дар поёни ҷамъомад аъзои комиссия баённомаро дар бораи муайян кардани натиҷаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 24 октябри соли 2021 баргузор гардид, тасдиқ карданд ва қарор қабул намуданд.

Нурилло НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: