Президенти Ӯзбекистон ва раиси палатаи поёнии Парлумони Фаронса пешомади рушди гуфтугӯйи байнипарлумониро муҳокима намуданд

  • Президенти Ӯзбекистон ва раиси палатаи поёнии Парлумони  Фаронса пешомади рушди гуфтугӯйи байнипарлумониро муҳокима намуданд

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 22 ноябр дар қасри Бурбони Париж бо Раиси Маҷлиси миллии Фаронса Яэл Браун-Пиве мулоқот намуд.

Дар бобати минбаъд амиқсозии ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи иҷрои ислоҳот дар бобати минбаъд демократисозии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ табодули афкор ба амал омад.

Роҳбари Маҷлиси миллии Фаронса ба ҷараёни бозсозиҳои вусъатноки демократӣ дар Ӯзбекистон, аз он ҷумла дар соҳаҳои рушди парламентаризм, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон, пеш бурдани баробарии ҷинсӣ баҳои баланд дод.

Ба ҷанбаҳои таъмини баробарии ҷинсӣ эътибори алоҳида дода шуд. Даст ёфтани Ӯзбекистон ба тараққиёти бузург таъкид гардид, ки дар он занон дар мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, тиҷорат ва соҳи иҷтимоӣ мақоми муносибро ишғол менамоянд.

Моҳи сентябри соли 2022 дар мамлакат бори аввал Ҳамоиши 14-уми роҳбарони парлумонҳои мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумлаи занон баргузор гардид. Декларатсияи Тошканд дар бораи баланд бардоштани мақоми занони пешво қабул гардид.

Инчунин бархурдҳои калидӣ ба омодагии баргузор намудани ислоҳоти конститутсионӣ, ки дар доираи он ҷойгир намудани меъёрҳо дар бораи бекор кардани ҳукми куш, пурзӯрсозии кафолати ҳуқуқи инсон, ҳалли мушкилоти экологӣ ва дигар нуктаҳои муҳим дар нақша гирифта шудааст.

Дар бораи баргузор намудани мулоқоти гурӯҳи дӯстии парлумонӣ, пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар майдонҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Аврупарламент, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи парлумонии САҲА аҳду паймон ба вуҷуд омад.

Дар поёни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Китоби меҳмонони  фахрӣ навиштаҷот гузошт. Ӯ инчунин раиси Маҷлиси миллии Фаронсаро даъват кард, ки ба мамлакатамон дар вақти барояш муносиб ташриф фармояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: