БА ТАҚДИРИ СОҲИБОНИ ФАРДОЯМОН БЕФАРҚ НАБОШЕМ

Ҷавонӣ давраест, ки барои ояндаи дурахшони инсон тухми некӣ мепошад.

Фардои шахсе, ки ин айёмро гиромӣ дошта, аз ин неъмат босамар истифода бурда, дар ҷамъият мавқеи муносиби худро меёбад, нурафшон хоҳад шуд.
Муҳимаш, солҳои охир дар мамлакатамон асосҳои ҳуқуқии ҷавонон мустаҳкам гардида, баҳри дастгирии ҳаматарафаи онҳо, ҳуқуқ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии онҳо корҳои назаррас бурда мешавад. 
Дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон, ба пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ байни онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.  
Аммо, мутаассифона, имрӯз байни ҷавонон афзудани ҳолатҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дида мешавад. Дар ин хусус ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва корхонаву ташкилотҳо бо аҳолӣ аз наздик бояд суҳбатҳо гузаронанд, бахусус аз ҷониби нозирони профилактикӣ  ҷиноятҳоеро, ки дар ҳудудҳои ба худ мансуб содир шудаанд, таҳлил намуда, ҳар як ҷинояту ҳуқуқвайронкуниро бо иштироки ҷамоаи васеъ муҳокима бояд кард.
Дар натиҷаи муҳокима ҷинояткор аз ҳаққи ҳамсоя, ҳаммаҳалла аз оқибати нохуши ҳаракатҳои ношоистаи худ шарм медорад, афсус мехӯрад. 
Пешгирии беморӣ аз муолиҷааш беҳтар, гуфтаанд. Аввало сабабҳои ба ҷиноят даст задани ҷавонон, чораҳои бартараф намудани онро вазифаи худ шуморид. Ба таъкиди роҳбари давлат, тарбияи ҷавонон вазифаи масъулиятноки миллат ба шумор меравад: «Агар ба фарзандамон тарбияи дуруст надиҳем, ҳар рӯз, ҳар дақиқа аз роҳу равиш, аз кайфияти ӯ огоҳ шуда наистем, ба илму ҳунар ҳидоят нанамоем, ба кори муносиб ҷойгир насозем, ин амонатро аз даст доданамон мумкин». Ин суханони роҳбари давлат моро ба огоҳӣ ва ба вазифаамон доимо масъулиятнок буданро талқин менамояд. 
Зеро имрӯз қувваҳои мухталифе, ки ҷавононро роҳгум занонда, ба доми худ мекашанд, хеле зиёд. Аз ҳама ташвишовараш он аст, ки дар кадом гӯшаю канори дунё ягон ҷиноят содир гардад, албатта, дар ин ҷараён аз ҷавонон истифода мебаранд. Маърифатпарвари бузурги халқамон Абдулло Авлонӣ низ тарбияи ҷавононро «масъалаи ҳаёту мамот» гуфта беҳуда таъриф надодааст. Зеро аз тарбияи нодуруст ва сабуки ҷавонон ба ҷамъият, маҳалла ва оила ягон нафъ намерасад. Ба ҷиноят даст задани ҷавонон инъикоси беэътиборӣ ё дар роҳи тарбияи онҳо ба хато роҳ додан мебошад. 
Таъкид бояд кард, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба қарибӣ дар давоми ташрифи худ ба вилояти Фарғона ба ин масъала алоҳида истода гузашт. Дар ҷамъомад роҳбари давлат корҳои соҳаи ҳуқуқу тартиботро таҳлил намуда, иҷрои вазифаҳои ояндаро муайян намуд. Аз ҷумла, якчанд масъалаи танқидӣ-таҳлилӣ муайян карда шуданд.
Якум, дар ҷамъомад гуфта шуд, ки дар мамлакат вазъияти криминалӣ мураккаб шудааст, нишондоди маҳаллаҳое, ки ба тоифаи «сурх» дохил шудаанд, бисёртар ба шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фарғона, Қашқадарё, Бухоро ва Намангон рост меояд. 
Дуюм, таъкид гардид, ки интихоби кадрҳо ба вазорати корҳои дохилӣ ва ҷобаҷо мондани корҳо ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудаанд.
Сеюм, дар маҳалла доир ба пешгирии ҷиноят ҷорӣ намудани тартиби нави корро ба нақша гирифтанд.
Чорум, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ ва технологияҳои рақамӣ супориш дода шуд, ки дар муддати ду моҳ дар ҳар як вилоят – ноҳия – маҳалла мушкилоти иҷтимоӣ ва криминалиро тавассути рақамикунонӣ ба шакли ахбори «Вазъияти иҷтимоӣ» ба кор дароварад. 
Панҷум, дар ҷамъомад таъкид гардид, ки аксарияти ҷинояткорон ҷавонон мебошанд. 
Шашум, бо мақсади ба роҳ мондани кор бо ҷавонони ғайримуташаккил дар асоси муносибати ягона ташкил кардани шӯроҳои байниидоравӣ ва минтақавиро пешниҳод намуданд.
Ҳафтум, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ якҷо бо ҳокимони вилоятҳо то охири сол дар ҳамаи минтақаҳо марказҳои ба аҳолӣ кумакрасони «Инсон»-ро ба кор меандозад. 
Ҳаштум, таъкид гардид, ки дар асоси тамоили «Бехатарии ҳаракати роҳ – дар назорати ҷамъият» дар як сол камаш ду маротиба баргузор намудани пурсиши иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад.
Инчунин, бо ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи оила ва  занону духтарон, Агентии кор бо ҷавонон супурда шуд, ки бо аҳолии шароити зиндагиаш вазнини ба ҷинояткорӣ моил дар асоси тамоюли «профилактикаи иҷтимоӣ» вазифаҳои «панҷгонаи маҳалла»-ро дақиқ муайян намоянд, бо назардошти тоифаи синну сол ва вазъи иҷтимоию моддиашон барои ҳар як гурӯҳ методикаи алоҳидаро кор карда бароянд.
«Эътибор диҳед, қисми зиёди ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шуда истодааст. Дардовар аст, ки байни ноболиғон ҷинояткороне ҳастанд, ки ҷинояти вазнинтарин содир кардаанд», гуфт роҳбари давлат.
Фарзандони аз ҷон азизамонро аз кӯдакӣ чӣ тавр тарбия намоем, ҳамон тавр ба воя мерасанд. Дар ин, албатта, муҳити ҷамъият, оила ва маҳалла аҳамияти муҳим дорад. Бачае, ки худаш, оилааш, халқашро ҳурмат мекунад ва дӯст медорад, ба кӯчаи ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ намедарояд. 
Доир ба тарбия дар китоби Имом Ғаззолӣ «Иҳёу улум уд дин» чунин гуфта шудааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».
Хулоса, фардоямон дар дасти ҷавонон буданашро набояд фаромӯш кунем. Дар бунёдкорӣ ва ободии мамлакат фаъол иштирок намудани ҷавонписарону духтаронамон ва барои таъмини чунин корҳо ҳамаамон якҷоя бояд саъй намоем, талаби давр низ чунин аст. 

Эркинҷон МАҲМУДОВ,
роҳбари шуъбаи адлияи шаҳри Қӯқон. (ӮзА).                                     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: