ЧАШМИКОРДОН

(Ҳикояи воқеӣ)

«Худоро шукр, офати куруно пушти сар монд, сари вақт ба ҳама кор мерасем,– паси мизи корӣ нишаста аз хаёл мегузаронд Исо. – Беҳуда нагуфтаанд, ки оҳанро дар гармиаш кӯб,  агар мисли паймонкорони дигар беғам гашта расани корро суст мекардам, яқинан ҳоло ман ҳам ба доми курунои фарогир меафтодам ва чизе дар даст надоштам».
Аз қаҳваи финҷон як қулт хӯрд. Андешаҳо пасу пеш дар фазои зеҳнаш давр мезаданд. Чизе ҷуз муҳтавои тарҳи нави корҳои обрасонӣ, ки зери дасташ буд, ба хаёл намеомад. Гӯё дирӯзакак ҳамроҳи ҳайати боздидкунанда шароити зисти рустоҳои дурдасти минтақаи саҳроиро бо чашми худ дида баргашт. Зиндагии сахт, имконоти кам ва бештар аз ҳама, набудани оби тоза ӯро ба риққат овард. Албатта, ҳар як оила дар ҳавлии назди дарича чоҳи об дошт ва аз он ҳам барои хӯрдан, ҳам  барои шустушӯ истифода мекарданд, аммо чӣ обе?! Шӯру часпанда, тираю гилолуд! «Мо сӣ сол боз аз ҳамин об мехӯрем», мегуфт зани муштипаре, ки аз ҳама пеш ҳолати зисташро нишон медод. Он замон дар назди ҳайат ҳокими вилоят қавл дода буд: «Якуним соли дигар ба дари ҳар яки шумо оби тоза меояд, ин рӯзҳоро фаромӯш хоҳед кард!». 
Исо қаҳваашро то охир нӯшид. Яксола корҳои анҷомдодаи ширкати худро чун навори филм аз мадди назар гузаронд. Қариб, ки ба ҳадафи ниҳоӣ расидааст, дар ҳама бахш – чи барқию механикӣ, чи лӯлагузорию махзансозӣ, чи эҳдоси манбаъҳои ҳавоӣ ва лӯлакашиҳои хонаҳои маскунин рӯйи ғалтак аст, аммо… кори сохтмонӣ мелангад. Паймонкори дасти дувум, ки бо хоҳиши корфармо ба кор ҷалб шуда буд, сари ӯ кулоҳ гузошт. «Эҳ Муҳаммад, то чӣ ҳад одами бадқавл ҳастӣ ту! – Исо дандон газид, базӯр ғазаби худро фурӯ бурд. – Шаш моҳ аст, ки имрӯзу фардо мекунӣ. На коргарони дуруст дорию на дастгоҳу мошинолоти рӯбароҳ, кошикорию ҳисорсозию нозуккориҳо ҳеч, ҳатто роҳравҳоро анҷом надодаӣ!». Беирода гӯшаки телефонро ба даст гирифт ва рақам чид. 
– Бале, оқои Баҳодур, бифармо, – дарҳол шунида шуд садои сарпарасти коргоҳ Ҳадод.
– Муҳаммад чӣ кор кард? 
– Ҳамон Аҳмади порина, – ҷавоб дод Ҳадод,– ҳафт коргоҳ аз дасти вай бечора аст, на коргар изофа кард, на мошин. Ҳатто масолеҳи сохтмонии овардааш кофӣ нест. Вазъият хароб, оқои Баҳодур, бояд корро аз ӯ бигирем, вагарна ҳама талошамон бар ҳадар меравад, иҷрои тарҳ қафо мемонад. 
Исо бо тааммул гуфт: 
– Бо ӯ суҳбат накардӣ, барномааш чӣ аст?
– Суҳбат фоида надорад. Худат медонӣ, даҳ бор тааҳҳуд дод, шифоҳӣ ҳазор бор қавли мардонагӣ дод, вале аз сари ҳама ваъдаҳояш об рехт, ҳеч коре намекунад. – Ҳадод бо изтироб сухан мегуфт, равшан буд, ки аз дасти паймонкори сохтмонӣ сахт азият кашидааст. Яке бо садои баландтар афзуд: – Дар воқеъ, аз ман дархости пул карда буд, ман қабул накардам. Мехост ба офисамон ба Тошканд равад, наомад?
–Не. Ҳоло ту аз пайи нақшаҳоят шав, ба ҳама кор суръат диҳед. Вақт кам мондо-о, Ҳадод, беғам нагардед. Бубин, ба бахти мо зимистон ҳам мисли баҳор омад, биҷунбед тезтар! Мефаҳмӣ маро, то моҳи май бояд об диҳем ба мардум!
– Ҳатман! Фақат сохтмониро яктарафа кун худат, ба ӯ дигар ҳеч итминон намонд. Забони корфармо биафтад, ки ба мо ин балоро таърифу рӯ ба рӯ кард!
– Ором, ором бош, Ҳадод, корфармо тақсире надорад инҷо. Худам ба ин мавзуъ расидагӣ мекунам, нигарон набош! Феълан, Худо ҳофиз!
– Хайр! 
Исо гӯшаки телефонро нагузошта, муншӣ дари утоқашро кушод. Гуфт: 
– Оқои Баҳодур, меҳмонон аз Бухоро омаданд, бо шумо кор доранд. 
Номаша гиру гӯшаша каш, Исо дарҳол пай бурд, ки ин меҳмонони нохонда ҳамон ташнаҳои пул ва бекорхоҷаҳо ҳастанд – паймонкори дасти дувуми сохтмонӣ. Бе истиҳола гуфт:
– Бигӯ, дароянд.
Дар ҳақиқат, Муҳаммад буд. Ин дафъа ӯ танҳо намеомад, ҳамроҳаш марди миёнақади сиёҳҷурда низ аз ӯ пештар қадам гузошта, дохили утоқ шуд. Исо то ҳадде аз дасти онҳо дилхур буд, ки ҳатто аз ҷо наҷунбида, бо овози кам салом гуфт ва ишора кард, ки рӯ ба рӯ аз ду ҷониби мизи пазироӣ нишинанд. Дастони Муҳаммад меларзиданд, гирди чашмонаш бод карда буд, нигоҳашро гурезонда аз паси рафиқи худ ба курсии самти рост гузашт. Мисли ин ки базӯр лабханд мезад, худро хушҳол нишон дода ба сухан омад:
– Ин кас ака Зафар, раҳбари мо ҳастанд. Аз ин пас масъулияти ширкатамонро ба уҳда мегиранд. 
Исо тааҷҷуб кард. Дар нисфи кор ба ин қарор омадани паймонкор чӣ маънӣ дорад? Он ҳама додугирифте, ки ба исми Муҳаммад тамом шудааст, чӣ хел талофӣ мешавад? 
– Барои чӣ? – пурсид ӯ. 
Муҳаммад сар хам кард. Ба ҷойи ӯ марди ҳамроҳаш гуфт: 
– Оқои Баҳодур, ин номард на танҳо шуморо, ҳатто маро низ фиреб дод. Мо бо ҳам шарик будем, аммо то имрӯз намедонистам, ки аз ширкати шумо ин қадр пул гирифтааст. Аз миён шаш моҳ гузашт, бо ин пул ман хеле зудтар корро ба сомон мерасондам, вале ин... 
– Исто, бародар, – дар миёни сухан ҳарф зад Исо, – аввал бигӯ, ту бар чӣ асосе мехоҳӣ раҳбарии ширкати Муҳаммадро ба уҳда бигирӣ? 
Зафар пӯшаи дасташро боз кард ва аз он як барг коғази муҳршударо берун кашида, дар назди Исо гузошту гуфт:
– Ин номаи муаррифии ман аст.
– Бубин, муҳлати қарордодатон ба поён расидааст, ту чӣ хел мехоҳӣ корро идома диҳӣ? Магар Муҳаммад нагуфт? 
– Медонам, оқо, мо ки бародар ва аз ҳаммазҳаб ҳастем! – хандаи нозебе кард Зафар ва Исо низ бештар ба ҳайрат омад. – Ман аз эрониҳои бухороӣ ҳастам, гузаштагонам аз Эрони шумо омадаанд. Дар мазҳаби мо фиребу дурӯягӣ нест, худат хуб медонӣ. Ё ҳарфам нодуруст аст?
– Бародар, ман на ба мазҳаб коре дораму на ба кишвар. Дар ин ҷо ҳам шараф ва ҳам номуси мо кор аст. Банда як уҳдадорӣ дар назди ин мамлакат дорам ва то се-чор моҳи дигар бояд ба мардуми саҳроӣ, ки чандин сол рӯйи оби ошомиданиро надидаанд, оби тоза диҳам. Ман номаи фасхи1 қарордодро бароятон фиристода будам, ҳоло ки бо пойи худ омадед, баённома менависему қарордоди дуҷонибаро бекор мекунем. Шумо ҳам осуда ба роҳи худ равед, ман низ корамро бо ягон ширкати дигар идома диҳам. 
Муҳаммад дар ҷойи нишаст тоб мехӯрд, мисли саги сӯзанзада наметавонист ором бишинад. Чашмони сурхшудаашро, ки иллати он касолат мавҳум буд, ба Исо дӯхта, шигифтзада гуфт:
– Мо ҳанӯз кори ончунон анҷом надодаем, пулатонро аз куҷо пас медиҳем?...– Муҳаммад мехост бештар шарҳи ҳол гӯяд, аммо Исо дар миёни суханаш зад:
– Хуб, ин тақсири ман нест, бояд пас диҳӣ! Кори давлат ба шумоҳо бозӣ аст? Ҳар гузашт ҳадду меъёре дорад, ман дигар наметавонам бароятон фурсат диҳам, дигар бовар ҳам надорам. 
Зафар аз ҷо баланд шуд, ду даст ба рӯйи сина гузошта, каме бо таъзим арз кард:
– Оқои Баҳодур, илтимос, аз хуни мо гузар. Ба хотири ҳамкешию ҳамшаҳрӣ буданамон ба ман як бори дигар имкон бидеҳ. Худо болои сарамон гувоҳ, агар корҳои сохтмониро то се моҳи дигар анҷом надиҳам, ҳар чӣ мехоҳӣ бикун! Ман омодаам ҳар гуна шарти туро бипазирам, фақат боз як бор бо мо роҳ биё, илтимос!
Исо ба Муҳаммад рӯ овард ва пайи ҳам суол кард:
– Ту симон дорӣ?
– Не.
– Шину моса2 дорӣ?
– Не.
– Кошӣ харидӣ?
– Не.
– Ҷадвал3-чӣ?
– Надорам.
– Барои сохтмонҳои идории ҳафт коргоҳ чиҳо дорӣ?
– Фақат тунукаю хишт. 
Исо медонист аз ин маводу масолеҳ дар коргоҳ чизе нест, аммо ҳамеша бо он андеша буд, ки шояд таҳия карда дар анбори ширкаташон нигаҳ дошта бошанд. Ҳоло, ки ба асли қазия воқиф шуд, аз ниҳояти ҳайрат беихтиёр аз ҷо баланд шуд. Як нах сигорро равшан намуда, дуди онро амиқ ба дарун кашид. Ғазаболуд ба Зафар гуфт:
– Пас он ҳама пулҳои додаи мо ба куҷо рафт? Ман аз чандин чақрим роҳ, аз Эрону Итолиёву Ҳинду Олмону Русия таҷҳизоти барқию механикӣ, тоблуҳо, абзори дақиқ, оҳанолот, лӯлаву иттисолоти он – ҳарчи лозим буд аллакай харида овардам, тархис кардам4, бисёрашро насб ҳам кардам, шумо бошед масолеҳи дар таҳи бинӣ бударо намехаред?! Оё ин аз рӯйи инсоф аст? Ман ба ғайр аз шумо наздики сито паймонкори дасти дувум дорам. Ҳама бамавқеъ кори худро анҷом дода пулашонро гирифта мераванд, бо касе на баҳс дорему на талош. Албатта, ҳар чӣ аз мо ёфтанд, ҳалолашон бод! Шумо-чӣ? 
– Оқои Баҳодур, моро бубахш. Ту бузургворамон ҳастӣ, аз ин хотир худам шахсан омадам ба пешат. Ту ба ман бовар кун, охирин бор ба ҳисобамон пул гузарон, дигар то охири кор як сӯм намепурсам!
Исо барошуфт, бо тааҷҷуби бештар пурсид:
– Чиҳо мегӯйӣ? Коре анҷом надодаед, масолеҳ ҳам харид накардаед, пас, пулҳоро муш хӯрд? 
– Ин нобакор ҳисобу қарзҳоямонро насанҷида, аз ту дархости пул карда будааст. Кулли маблағи омадаро андоз аз ҳисобамон бардошт. Худат медонӣ системи инҷоро. 
– Ба созмони андоз қарздор будед? 
– Оре, ҳанӯз ҳам қарзамон канда нашудааст. 
–Ин тавр бошад, боз ҳамон ҳолат такрор намешавад? Ё шумоҳо додарони падарам ҳастед, ки ман пуштатонро маҳкам карда гардам? 
– Не, мо ҳисоби дигар кушодем, – Зафар як номаи дигарро, ки аз сӯйи бонк муҳр шуда буд, дар назди Исо гузошт ва афзуд: – Ин ҳисоби хусусии мост, ки маҳз ба хотири тарҳи шумо боз кардем. Агар пул бирезӣ, ман дарҳол маоши коргаронамро медиҳам ва дар зарфи як ҳафта тамоми масолеҳи лозимаро таҳия мекунам, дар ҳар як коргоҳ миқдори коргаронамро ба бист-сӣ нафарӣ мерасонам!
Исо қадамзанон то назди тиреза омад. Дурудароз ба берун чашм дӯхта истод. Дар шохаҳои ягона дарахти хурмолуи ҳавлӣ се ҷуфт мино ҷоивазкунон ба ҷони ҳамдигар мерасиданд. Яке ба паҳлуи рафиқаш нӯл мезад, он нӯлхӯрда парида ба гардани ҳамтои дигараш нӯл мехалонд ва ҳамин тавр нӯлзаниҳо идома меёфту ҳеч кадом аз доираи бозӣ дур намерафт. Аз ин шӯхии мурғакон хушаш омад, чеҳраи ахмуяш боз ва бо табассум табъаш болида гардид. Дубора ба назди меҳмонҳо баргашт ва бо садои гиро гуфт: 
– Зафар, ман дигар ба Муҳаммад як сари мӯ бовар намекунам, аз ин пас ҳама умедам ба туст! Бароятон на як ё ду ҳафта, балки як моҳ фурсат медиҳам. Дар ин муддат корҳоят бояд бичархад, тамоми масолеҳу маводи лозимро бихар ва ҳамзамон дар ҳафт коргоҳамон коратро ба пеш бар. Бубин, ман ба қавлу қарори ту бовар кардам, маро дигар фиреб надиҳед. Фардо, ки ба Бухоро расидӣ, ба дафтари фаннии5 мо даро, ҳисобу китобатро дақиқ кун ва ба миқдори пуле, ки ба ман бедеҳкор6 ҳастед, як забонхат навишта фиристон, бо имзо ва муҳри ширкатат. Ба маҳзи ин ки ман он забонхатро дарёфт кардам, ба ҳисобат тайи муддати як соат пул ҳавола мекунам. Қабул? 
Зафар хушҳол шуд, Муҳаммад аз ӯ бештар. 
– Ин муҳаббати туро асло фаромӯш намекунам, оқои Баҳодур, ту ҷони одам ҳастӣ, ташаккур! – гуфт Зафар ва ҳар ду пушти ҳам бо эҳтиром дасти Исоро гирифта, ба такрор изҳори сипосу мамнуният намуданд ва бо хайрухуши кӯтоҳ коргоҳро тарк карданд. 
Исо умедвор аз пушти онҳо нигарон монд.
*** 
Гул бе хор намешавад ва шодӣ низ дар ин бозор бе ғам нест. Исо пас аз як моҳи нақд яқинан донист, ки ҷомеаи одамон ҳам бе фиребкору ҳуққабоз буда наметавонад. Баробари гузарондани пули дархостнамудаи Зафар, Исо қарор кард рафти корҳои сохтмониро худаш пурра таҳти назорат гирад. Вале гапи хона ба бозор рост наояд, чиро бояд назорат кунад, ки ду-се рӯзи аввал, ҳафтаҳои аввал ва ниҳоят, як моҳ аз байн гузашту на танҳо Зафару Муҳаммад, ҳатто коргарони башумури коргоҳии онҳо низ як-як аз миён ғайб заданд. Аз паймонкор на хабар монду на пай. Зафар ва ҳамраҳонаш на сару кӯли худро нишон медоданд, на ба телефонҳои Исову масъулони коргоҳ ҷавоб мегуфтанд. Вой дод, «омад ба сарам аз он чӣ метарсидам!».

Ҳадод мисли мурғи посӯхта буд, намедонист худро ба куҷо занад. Чун кораш дар замин монда, замони иҷрои тарҳ ба пушт меафтод, сахт нигарон буд. Дар Тошканд истода, Исо аз ӯ ҳоли бадтареро дошт. Гоҳе бо заҳр ба ҳоли худ механдид, ақли «норасида»-ашро мазаммат мекард, «дар тӯли бист сол ба ин шакл кулоҳ сари ман нагузошта буданд! – бо ғазаб мегуфт ба худу ҳамкоронаш. – Зафар маро боб кард!». Суханҳои Ҳадод болои сӯхта намакоб мешуд: «Инҳо ба ғайр аз мо чанд ширкати хориҷаи дигарро ҳам гӯл задаанд. Корашон пулшӯйӣ будааст. Гуфтам, сари вақт берун кун, ба ҳарфам гӯш накардӣ». Ин гапу дилсиёҳиҳо буд, ки одамони худу бегона ба ӯ машварат медоданд, то паймонкори бадқавлу бевафоро ба додгоҳ диҳад. Аммо… ӯ ин корро накард, гуфт, «шикоят ҳам вақту соат дорад».
Бо вуҷуди номардӣ ва лаинии паймонкори дасти дуюм, Исо иродаашро аз даст надод. Чун таҷрибаи хуби корӣ дошт, дарҳол маҳорати хешро барои сару сомон бахшидани коргоҳ сафарбар намуд. Дигар замоне барои ёфтани паймонкори нав ва аҳду қарор бастан бо ӯ надошт. Билофосила аз Эрон ду нафар саркоргари моҳирро оваронд ва бо кумаки ёварони худ ҳафт гурӯҳи кориро таҳти сарпарастии он ду саркоргар ташкил дод. Дар ҳамин лаҳзаи ҳассоси тарҳ сандуқи пулашро васеъ кушод ва ҳар чӣ мавҷудӣ7 дошт, барои анҷоми корҳои боқимонда масраф кард. Ҷон равад, равад, номусу обрӯ наравад!
Ҳадод ба истиқболи талошҳои бемайлони раҳбар баромад. Дар ҳар як муҳавватаи сохтмонӣ корро дар ду баст роҳандозӣ намуд. Василаҳои фаннӣ – мошинҳои борбару болобар, хокрезу хокбардор, бетонкашу бетонкор, таҷҳизот ва кулли абзори мавҷудро ба кор гирифт. Дар давоми се моҳи қулфу калид коргоҳҳои ӯ бо шӯру мағали бесобиқа фаъол шуданд. Коргарони гурӯҳҳои сохтмонӣ, давуғечи беохири саркоргару сарпарастони коргоҳ, ҷӯшу хурӯши тозаи коргоҳҳо тамоми масъулони тарҳ, бахусус, корфармоёни маҳаллӣ ва нозиронро лол кард. Ҳеч касро бовараш намеомад, ки инсон то ин ҳад бозуи тавоно дорад!
Дурри мақсуд сари вақт ба даст омад! 
– Хуҷаста бод! Пирӯзӣ бар ақабмондагӣ муборак бод! Шумо мардонавор кор кардед, ба аҳди худ вафо намудед, халқи ташнакоми маро оби тоза додед! – сипосгузориҳои ҳокими вилоят ҳар соату ҳар лаҳза дар пушти гӯшҳои Исо танинандоз аст.
Он замон, дар маъракаи супурдани тарҳи обрасонӣ ба корфармоён, Исо низ арз кард:
– Мубораки ҳамаамон аст! Ман аз он шодам, ки сухани ҳокими бузургвор дар замин намонд – дуруст пас аз якуним соли қавлу қарор ба манзили мардуми мискини биёбон оби хӯрданӣ расондем. Ин қаҳрамонии ҳар яки мост, бе шак, орзуи чандинасраи халқи пурбардошту боирода аст!
Ва то як моҳи дигар бо даъвои Исо ҷаласаи додгоҳ доир гардид. Акнун Зафару Муҳаммад наметавонистанд ба ҷое фирор кунанд, чун моҳии лағзон ба қаъри гурезгоҳашон нопадид шаванд. Қонун аз гӯши ҳар ду кашида ба курсии ҷиноят нишонд, муфтхӯрон чун гурбаи дар об зада асрори луқмаҳои ҳароми худро яке паси дигар ифшо мекарданд. Бо нигоҳҳои имдодхоҳи худ ба Исо чашм медӯхтанд, вале хабаре аз силаи раҳм набуд, гӯё теғи чашмони Исо то ҷигаргоҳашон мехалид ва ба ҳар ду мегуфт:
– Носипосон, тиратон хато рафт, акнун ба ҷазоятон бирасед!

 

 


1. Фасх – ботил кардан, бекор кардан
2. Шину моса – сангреза (шағал) ва рег 
3. Ҷадвал – тирҳои хурди бетонӣ, ки дар ду канори роҳравҳои пиёдагард насб мешаванд
4. Тархис кардан – аз гумрук озод кардан
5. Дафтари фаннӣ – шуъбаи истеҳсолӣ ва техникӣ (ихтисори русӣ: ПТО)
6. Бедеҳкор – қарздор 
7. Мавҷудӣ – пули боқимонда

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: