ПОРА

Ришвахӯре, баъди аз мансаб сабукдӯш гардидан, ба дарди аҷибе гирифтор шуд.

ФАРҲАНГ
Абдулло ҚАҲҲОР
ПОРА    
(Афсона)
Ришвахӯре, баъди аз мансаб сабукдӯш гардидан, ба дарди аҷибе гирифтор шуд. Бо мурури вақт сӯрохи гулӯи  ӯ танг шудан гирифт. Духтурони гирдупеш ҳама ба муолиҷааш пардохтанд, бар асари истеъмоли доруи зиёд дарунаш ба дорухона табдил ёфт, вале натиҷа набахшид. Гиёҳдармонӣ низ кард: бино ба салоҳдиди табибон шурӯъ аз кӯбидаи гули янтоқ то талқони мори  дар офтоб хушконидаро фурӯ бурд, дари фолбину азоимхонҳоро охурча кард. Вақте пули ҳамёни хурд тамом шуд, даст ба ҳамёни бузургтар зад. Суде набахшид,  дард шиддат пайдо кард, кор то ҷое расид, ки аз гулӯяш об нагузашт, даҳонашро бо пахта тар мекарданду оби он аз биниаш меомад. Рӯзу ҳафтаҳо пушти сар мешуданд, соҳибҷоҳ  як хел – рӯболо мехобид. Ниҳоят, шоме  як-ду бор манаҳашро ҷунбонду бандагиро ба ҷо овард. Ришвахоре, ки дар олами доду гирифт танҳо дасти гиранда дошту бахшанда не, пул, мадҳу ситоиш, зиёфат, хушомад, ҷиҳози хона, туфанги шикорӣ, саги  зотӣ, чӯбу тахта, соати тиллоӣ, мӯза ва дигар ашёро ба сифати пора мегирифт, мисле ки аз додаҳои  Парвардгор дар шигифт афтода бошад,  бо чашму даҳони боз дунёро падруд гуфт. Чашму даҳони аз ғояти ҳайрат бозмондаи ӯро мурдашӯй дар руйи тахта пӯшид.
Тахта, кафан, тобут, гӯр... Вақте майитро дар лаҳад гузошта, рӯйи гӯраш хок мекашиданд, кадоме аз рӯйи одат суол кард:
– Марҳум чӣ касе буд?
Аз ҳеч кас садо набаромад. Танҳо нафаре, ки аз марҳум ранҷу озори зиёд дида буд, садо баланд кард:
– Порахӯр буд!
Баъди ин ҷавоб гирдбоде ба вуқӯъ пайвасту хоки руйи қабрро ба осмон кашид ва аз таҳи он  порахӯр бо чашмони аз косахонаашон  баромада берун шуду  ба сӯйи зиндагон қадам зад. Ҳама пароканда шуданд. Ҳамоне, ки гуфт: “Порахӯр буд”, дар ҷояш монд.  Майит болои сари ӯ омада бонг зад:                                                                                                                            – Чӣ? Пора?  Куҷост пора?
Соҳиби гуфта  саросема ба ҳар сӯ чашм давонд ва дид, ки канортар аз ӯ хорпуште ҷунбуҷӯл дорад, зуд онро аз замин бардошту бо тавозӯъ ба мурда  дароз кард  ва  гуфт:
– Бигир, ин аст пора!
Мурда хорпуштро аз дасти ӯ рабуду бо дастони ларзон то ба даҳонаш бурд ва ба мақсади гулӯи тангшудаашро калонтар кушодан, ҷонварро пуштнокӣ  фурӯ бурд.
Сухани “агар ба фалонӣ хорпушти зиндаро чун  пора диҳӣ, чаппа, яъне пуштнокӣ фурӯ мебарад”, аз он рӯзгор боқӣ мондааст. 

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи 
А. СУБҲОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: