АЗ ПАЙИ КОМЁБИҲО

Баъди директори мактаби миёнаи рақами 22-юм таъин гардидани омӯзгори соҳибтаҷриба Мирҳасан Кичибоев он ба яке аз таълимгоҳи шуҳратёри ноҳияи Самарқанд табдил ёфт.

Боиси хушнудист, ки дастпарварони мактаб на танҳо дар рейтинги ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус дохил шудан, инчунин дар олимпиадаи фанҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, китобхонӣ ва дигар қувваозмоӣ ба комёбиҳои назаррас соҳиб мешаванд. Чуноне ки дар шуъбаи таълими халқи ноҳияи Самарқанд иттилоъ доданд, ҷамоати аҳлу тифоқи мактаб барои баланд бардоштани сатҳи дониши талабагон аз роҳҳои мухталифи таълим пурсамарона истифода мебаранд.

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

Бинои хушсохту замонавии мактаб дар маркази маҳаллаи Деҳнав ҷойгир буда, ҳар касе, ки ба ин ҷо ташриф меоварад, аввало бо посбонони ҳушёру зирак рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

– Директор ба мо лозим, – гуфтем мо пас аз салому алейк, – ходимони матбуот ҳастем.

– Хеле нағз, – гуфт ӯ, – аммо роҳбарамон бо мудири шуъбаи хоҷагии мактаб барои овардани ниҳолҳои дарахтони меванок ва манзаравӣ рафтанд. Ҷонишини он кас Гулбаҳор Адашева дар ҳамин ҷо. Хабар диҳам?

– Албатта.

Телефони мушкилкушои посбонон ҷонишини директори мактаб оид ба таълиму тарбияро ба назди дари даромадгоҳ овард ва мо бо роҳбаладии ӯ вориди бинои таълимгоҳ шудем.

Гулҳои тубакчаҳои бешумор шукуфон дар долону утоқи кории ӯ, инчунин муносибати самимии Гулбаҳор Адашева эътибори моро ба худ кашид. 

 – Мактаби моён таърихи қадима дорад, – иброз дошт Г. Қуддусовна, – соли 1927 таъсис ёфта, дар байни хатмкунандагони мактаб арбобони давлатӣ, олимон, нависандагону журналистон, пешқадамони кишоварзӣ ва соҳибони касбҳои дигар ҳастанд. Имрӯзҳо онҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ва ҳатто дар хориҷа кору фаъолият доранд.

Ҳоло дар мактаби мо як ҳазору 152 нафар таҳсил гирифта, 85 нафар омӯзгорон ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ таълим дода, шаш нафар соҳиби тоифаи олӣ ҳастанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Устоди сухан Садриддин Айнӣ низ панди ҳикматомез дорад, ки зеби китобхонаи мо аст:

Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,

Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб,

Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям:

Одам нашавад касе магар аз мактаб.

Вале афсӯс мехӯрам, баъзе падару модарон напурсиданд, ки таълимгоҳи фарзандон чӣ гуна аст?

Шукр, ки сарвари давлатамон ба таълиму тарбият ва ривоҷу равнақи соҳаи маориф диққати хоса зоҳир карда, нуфузу эътибори омӯзгорон, маоши онҳо сол то сол афзоиш ёфта истодааст.

ДОНИШ ХОҲӢ, ПУРСОН БОШ

«Салом, бачаҳо!» Бо ҳамин ҷумлаи одӣ ва хушоҳанг вориди синфи 7-уми «В» шудем, ки Фирӯза Эргашева аз геометрия ба забони тоҷикӣ сабақ медод.

– Фирӯза аз зумраи он омӯзгоронест, ки бо донишу маҳорати худ миёни дигар ҳамкасбони ноҳия соҳибиззат гардидааст, – гуфт Гулбаҳор Адашева. – Вай устоди заковатманди геометрия аст. Муаллимаи соҳибтаҷриба 35 сол аст, ки ба насли наврас таълиму тарбият медиҳад.

– Хӯш, кӣ мегӯяд, ки геометрия чист ва дар куҷо пайдо шудааст? – маҳз барои зуд унс гирифтан пурсидем аз толибилмон.

Рости гап, аз пурсишҳои ногаҳонӣ роҳбалад Гулбаҳор Адашева дар тааҷҷуб афтода, сӯйи муаллима суолмез нигарист. Мазмун: оё шогирдонаш аз саволи ногаҳонӣ шарманда намешаванд? Вале Фирӯза бепарво ва бо табассум дида ба шогирдон дӯхт. Ба ҳайрати ӯ якбора чанд нафар даст бардоштанд.

Бо ишорати мо духтараки кушодачеҳраи хушсарулибос аз ҷояш хеста, бурро ва бо қатъият гуфт, ки геометрия хосиятҳои фазои шакл, ҷисм ва ашёро меомӯзад. Шубҳа нест, ки он дар Шарқ ба вуҷуд омадааст. Абурайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Ал-Хоразмӣ ва дигар бузургони тоҷик ба рушди геометрия саҳми арзанда гузоштаанд.

– Исму насаби шумо ва баъди гирифтани номаи камол дар куҷо таҳсил гирифта, кадом касбро интихоб мекунед? – аз ҷавобҳои қаноатбахши ӯ хушҳол шуда пурсидем. – Ғайр аз китобҳои дарсӣ, боз асарҳои бадеӣ мехонед?

– Ман, Райҳона Ҳоҷиева, ният дорам, ки баъди хатми мактаб ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, чун устоди меҳрубону дилсӯз Фирӯза Эргашева муаллим шавам. Дар вақти холӣ аз китобхонаи мактаб асарҳои Устод Садриддин Айнӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷалол Икромӣ, Пӯлод Толис ва дигаронро гирифта варақ мезанам. Бо навиштаҳои рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Гулобод тонги», «Овози Самарқанд», «Самаркандский вестник» шинос ҳастам.

МАСКАНИ МАЪРИФАТ

Вақте ки мо вориди китобхонаи мактаб шудем, мудир Хайринисо Амонова бо чанд нафар талаба саргарми суҳбат буд.

Моро дида бо ифтихор сӯйи ҷевонҳои китоб ишораткунон фаҳмонд, ки ҳоло дар китобхона қариб 5 ҳазор нусха асарҳои гуногун ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ маҳфузанд.

– Ҳар рӯз 40-50 нафар мухлисони каломи бадеъ муаллифони дӯстдоштаи худро пайдо карда, бо эҷодиёти онҳо шинос мешаванд, – гуфт Хайринисо, – бо кумаку ёрии беғаразонаи аъзо нишасти адабӣ, тақдимоти китобҳои тозанашр, вохӯрӣ бо аҳли эҷоди Самарқанд баргузор мешаванд.

Сабина Ҷӯрақулова, Шаҳноза Ҷалилова, додарон Ҳасану Ҳусайн, Амирҷон Раҳимов, Диёра Амруллоева, Нозанин Мақсудова, Нафиса Қамарова ва дигарон фаъолони мо ҳастанд.

 Бо ғамхории сарвари мактаб Мирҳасан Кичибоев масъалаи китоб ҳалли худро ёфтааст. Аммо обуна ба рӯзнома ва маҷаллаҳои Тоҷикистон хеле душвор ва гарон аст. Охир гап дар сари он, ки дар мактаби мо таҳсил ба се забон ҷараён гирифта, ҳама вақт ҳам адабиёти кофӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ надорем. Агар барои ҳалли ин масъала ҳомиёни саховатпеша пайдо шаванд, нуран ало нур мебуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

Аксбардор: Б. ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: