Раиси Сенати Олий Маҷлис бо Президенти Ҷумҳурии Булғория мулоқот анҷом дод

10 июн Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Президенти Ҷумҳурии Булғория Румен Радев, ки бо сафари расмӣ барои ширкат дар Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд ба кишвари мо омадааст, мулоқот анҷом дод.

Раиси палатаи болоии парламенти кишвар меҳмони олиқадрро бо самимият истиқбол намуда, зикр кард, ки сафари Президенти Булғория далели иродаи ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошад.

Дар ҷараёни гуфтугӯ таъкид шуд, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Булғория бар пояи устувори ҳуқуқию шартномавӣ инкишоф ёфта истодаанд, ки дар чаҳорчӯби он 28 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расидааст.

Президенти Булғория Румен Радев зикр кард, ки Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки дар кишвари мо баргузор мегардад, як платформаи муҳим барои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии сармоягузорӣ мебошад.

Дар рафти мулоқот ба фаъолгардонии робитаҳои байнипарлумонӣ диққати махсус равона карда шуд. Дар ин замина, аҳамияти муколамаи байнипарлумонӣ зикр гардид ва таъкид шуд, ки сафари Президенти Булғория ба Сенати Олий Маҷлис ба фаъолшавии ҳамкориҳо байни парлумонҳои ду кишвар такони нав мебахшад.

Ҷонибҳо дар бораи зарурати роҳандозии ҳамкориҳои мунтазами байни парлумонҳо, аз ҷумла баргузории вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи роҳбарони палатаҳо ва кумитаҳои соҳавӣ, таҳияи нақшаҳои муштараки гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ изҳори ақидаи ягона карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: