Гармои шадид суръати метрои Тошкандро коҳиш дод

Дар робита ба ҳарорати баланди ҳаво, суръати ҳаракати қатораҳои метрополитени Тошканд дар қитъаҳои рӯизаминӣ муваққатан коҳиш дода шуд. Дар ин бора Корхонаи давлатии «Метрополитени Тошканд» хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи гармии ғайримуқаррарӣ ҳарорати релсҳо дар қитъаҳои рӯизаминӣ аз меъёри муқарраршуда боло меравад. Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати қатораҳо, аз 15 июл суръати ҳаракат дар ин масирҳо ҳамарӯза то соати 18:00 аз 60 км/соат ба 40 км/соат маҳдуд карда мешавад.
Бинобар ин маҳдудият, фосилаи ҳаракати қатораҳо низ метавонад тағйир ёбад. Пешбинӣ мешавад, ки вақти расидани қатораҳо ба истгоҳҳо то 14 дақиқа зиёд шавад.
Таъкид шудааст, ки ин маҳдудият танҳо ба қитъаҳои рӯизаминии метрополитен дахл дошта, ба хатҳои зеризаминӣ таъсир намерасонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: