Аввалин "истгоҳи варзишӣ" дар Тошканд таъсис дода шуд

Дар пойтахт нахустин «истгоҳи варзишӣ» дар истгоҳи автобусе, ки дар наздикии бозори мошин дар ноҳияи Сергелии Тошканд ҷойгир аст, ба истифода дода шуд. Аз ин истгоҳ 12 хатсайри автобус ҳаракат мекунанд.

Бо ташаббуси Маркази идоракунии ҳаракати нақлиёт, ҳудуди истгоҳ бо таҷҳизоти варзишӣ барои машқҳои кӯтоҳмуддати ҷисмонӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Акнун мусофирон метавонанд вақти интизории автобусро барои иҷрои машқҳои сабук, кашидан дар турник ва дигар фаъолиятҳои ҷисмонӣ истифода баранд.
Ба гуфтаи масъулон, ин иқдом нишон медиҳад, ки инфрасохтори шаҳрӣ метавонад на танҳо барои беҳтар намудани ҳаракати нақлиёт, балки барои ҳифзи саломатӣ, фароҳам овардани роҳат ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон низ хизмат кунад.
Таҷрибаи монанд қаблан дар як қатор шаҳрҳои ҷаҳон амалӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Сеул, Пекин, Сингапур, Париж, Богота ва Кали баъзе истгоҳҳои автобус ба минтақаҳои хурди фаъолият табдил дода шуда, бо турникҳо, зинапояҳо ва дигар таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки чунин иншоот асосан дар маҳаллаҳои сераҳолӣ, истгоҳҳои сермусофир ва ҷойҳое бунёд мешаванд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷумла, бехатарии мусофирон, қулайӣ, устувории иншоот, нигоҳдории мунтазам ва халал нарасонидан ба ҳаракати нақлиёту пиёдагардон аз меъёрҳои асосӣ ба шумор мераванд.
Ҳамчунин, маъмурияти пойтахт эълон кардааст, ки пешниҳодҳои сокинонро барои ташкили чунин нуқтаҳои варзишӣ қабул мекунад. Шаҳрвандон метавонанд пешниҳодҳои худро тавассути боти Telegram @codd_tashkent_bot ирсол намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: