Вазорати энергетика хабар медиҳад, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар барои пешгирии сарбории аз ҳад зиёди шабакаҳои барқ маҳдудияти ҳатмии ду соатаи интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.
Ба гуфтаи вазорат, ҳавои ғайримуқаррарии гарм дар рӯзҳои охир боиси афзоиши бесобиқаи истеъмоли нерӯи барқ гардидааст. Дар натиҷа, шабакаҳо ва таҷҳизоти интиқоли барқ таҳти сарбории хеле баланд фаъолият мекунанд.
Рӯзи 16 июл истеъмоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар низоми ягонаи энергетикии Ӯзбекистон ба 291 миллион кВт/соат расида, рекорди нави тобистонаро гузошт. Ин нишондиҳанда нисбат ба рекорди соли гузашта 18,4 миллион кВт/соат (6,7 фоиз) бештар аст.
Ҳамзамон, истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ низ ба 295,4 миллион кВт/соат расида, рекорди навро сабт кард. Ин нисбат ба 15 июл 4 миллион кВт/соат (1,37 фоиз) зиёд мебошад.
Мутахассисон шарҳ медиҳанд, ки дар чунин гармӣ ноқилҳо ва таҷҳизоти интиқоли барқ на танҳо аз таъсири офтоб, балки аз сабаби истифодаи ҳамзамони ҳазорҳо кондитсионер, яхдон, хунуккунак ва дигар таҷҳизоти барқӣ низ аз дарун гарм мешаванд. Ин ҳолат хатари аз кор мондан ва рух додани садамаҳоро зиёд мекунад.
Бо мақсади пешгирии нокомиҳои ҷиддӣ дар низоми энергетикӣ, хадамоти диспетчерӣ дар ҳолати зарурӣ сарбории шабакаҳоро кам мекунанд. Аз ҷумла, вақте ки сарборӣ ба сатҳи хатарнок мерасад, баъзе минтақаҳо барои муддати кӯтоҳ аз шабака ҷудо карда мешаванд. Ин тадбир барои ҳифзи таҷҳизот ва пешгирии садамаҳои калон пешбинӣ шудааст.
Барои вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода, дар ҳамаи минтақаҳо гурӯҳҳои махсуси шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, ки камбудиҳои баамаломадаро дар муҳлати кӯтоҳ бартараф месозанд.
Дар айни замон маҳдудияти ҳатмии дусоата дар баъзе минтақаҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муваққатан 1750 истеъмолкунанда дар ноҳияҳои Кокдал ва Чироқчии вилояти Қашқадарё, 1200 нафар дар ноҳияҳои Шароф Рашидов ва Зомини вилояти Ҷиззах, 1300 нафар дар ноҳияҳои Шовот, Гурлон ва Қӯшкӯпири вилояти Хоразм ва 1000 нафар дар ноҳияҳои Тошкент ва Зангиотаи вилояти Тошкент аз таъминоти барқ ҷудо карда шуданд.
Вазорати энергетика таъкид мекунад, ки чунин маҳдудиятҳои кӯтоҳмуддат як тадбири зарурӣ буда, барои пешгирии қатъшавии густурдаи барқ ва таъмини фаъолияти устувори низоми энергетикӣ равона шудаанд.