Манам дилдодаи «Овози тоҷик»...

Таърихи пуршарафи минбари тоҷикон – рӯзномаи «Овози тоҷик» – аз 25 августи соли 1924 дар Самарқанди бостонӣ оғоз мегирад. Нашрия бо ташаббуси равшанфикрон Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдулқаюм Қурбӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳамза Ҳакимзода, Ҳасан Ирфон ва дигарон таъсис ёфта, ба шарофати ҷоннисорӣ, хидмати содиқона ва беғаразонаи онҳо мавриди таваҷҷуҳу эҳтироми аҳли фарҳангу ҳунар қарор гирифтааст.

Устод Айнӣ дар пешгуфтори шумораи нахустини рӯзнома чунин навиштаанд: «Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст».

Бояд таъкид кард, ки роҳи пуршарафи «Овози тоҷик» аз замони таъсисёбӣ то имрӯз пур аз фарозу нишеб будааст. Аммо ба шарофати ҷоннисорӣ, садоқат ва вафодории фарзандони фидоии миллату забони модарӣ нашрия то ба имрӯз арзи ҳастӣ карда, мояи ифтихори мо – тоҷикон – шуд ва хоҳад буд.

Боиси хушнудист, ки нашрия беш аз сад сол талош мекунад, то тоҷиктаборон аз забони нобу шево, дилнишину гуворои модарӣ баҳравар бошанд ва дар ҳар лаҳза аз рӯйдоду воқеаҳои ҷомеа огоҳӣ пайдо кунанд.

Сарвари давлат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки дар кишвари азизамон барои таъмин кардани озодии сухан, баёни озод ва гуногунандешӣ имконоти васеъ ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, барои густариши иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва таҳкими мақому ҷойгоҳи онҳо шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Далелу мулоҳизаҳои мо аз ғамхорӣ ва дастгирии рӯзафзуни ҳукумати Ӯзбекистон ва бевосита Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев нисбат ба рушду равнақи фарҳангу тамаддуни миллии тоҷиктабороне, ки дар қаламрави Ӯзбекистон кору зиндагӣ мекунанд, шаҳодат медиҳанд. Зеро «Овози тоҷик» дар идомаи иҷрои рисолати аслии худ мухлисонашро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат даъват намуда, дар ҳама ҳолат ҳамрозу ҳамдил, ҳамнафасу ҳамфикри халқ аст.

Чанде пеш дар Китобхонаи иттилоотию захиравии шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки ба масъалаи обуна ба «Овози тоҷик» бахшида шуд.

Узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоир Нормурод Каримзода таъкид намуд, ки ду сол муқаддам дар Тошканд китоби «Овози тоҷик: 100 соли пуровоза» ба табъ расид, ки дар он роҳи бузургу пуршарафи ин нашрия инъикос ёфтааст.

– Ман солҳои 70-80-уми асри гузашта, пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Устод Айнӣ, фаъолияти меҳнатии худро дар ин рӯзнома оғоз карда будам, – гуфт ӯ. – Барои ман боиси ифтихори бузург аст, ки аз журналистони варзида, аз ҷумла Муҳсин Умарзода, Ҷонибек Қувноқ, Раҳматҷон Норов, Қамариддин Шамсиев, Хӯҷамурод Қӯлдошев ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхтаам. Баъдан, бо амри тақдир дар ноҳияи Бӯстонлиқ ба ҳайси омӯзгор ва дар Самарқанд дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардам. Аммо меҳру муҳаббати ман ба «Овози тоҷик» самимӣ буд ва хоҳад монд. Ҳоло дар нафақа бошам ҳам, ба ин рӯзнома обуна мешавам ва шуморо низ ба ин иқдом даъват мекунам:

Манам дилдодаи «Овози тоҷик»,

Ҳамон сарқуллаи парвози тоҷик.

Шараф бар қомуси иқболи кишвар,

Ки минбар дод баҳри рози тоҷик.

– Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 95 (ҳоло мактаби рақами 12-ум, ҳамаи мо ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» обуна мешудем, – гуфт корманди илмии шуъбаи вилоятии Академияи Турон Меҳринисо Розиқова. – Аммо намедонам, бо кадом сабаб акнун касе ба «Овози тоҷик» обуна намешавад. Ман аз ин дар ҳайратам.

Вазъи обуна дар дигар мактаб ва гузару маҳаллаҳои вилоят низ чандон хуб нест.

– Дар китобхонаи мо, – иброз дошт мудири Маркази иттилоотию захиравии шаҳраки Гулобод Нилуфар Қаҳҳорова, – беш аз 22 ҳазор нусха адабиёти гуногуни ҷаҳон мавҷуд буда, шумораи аъзои он ба 10 ҳазор нафар мерасад. Мо ба рӯзномаву маҷаллаҳои зиёде обуна ҳастем. Аксарияти хонандагонамон рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Гулобод тонги» ва «Овози Самарқанд»-ро мутолиа мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба забони модарӣ таваҷҷуҳ доранд. Пас ба ин нашрияҳои хонданӣ обуна шудани мо ҳам қарзу ҳам фарз аст.

Дар чорабинӣ иштирокдорони дигар низ суханронӣ карда, андешаву мулоҳизаҳои худро дар бораи рӯзномаи «Овози тоҷик» баён доштанд.

– Ман бо хабарнигори рӯзнома барои таблиғи маъракаи обуна ба бисёр корхонаю ташкилот, мактабу муассисаҳои вилояти Самарқанд сафар карда будам, – гуфт муҳаррири калони бахши тоҷикии ширкати телевизион ва радиои вилояти Самарқанд, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Собирҷон Бурҳонов. – Аммо сад афсӯс, ки ваъда ҳасту амал нест.

Умедворем, ки дар маъракаи обунаи соли 2027 соҳибзабонон ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дастгирии рӯзнома ба он иқдом хоҳанд кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: