Дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ вақтҳои охир таблиғи иловаҳои фаъоли биологӣ ва баъзе маҳсулоти дигар ҳамчун воситаи табобати бемориҳои гуногун афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Кумитаи рақобат, дар баъзе аз чунин рекламаҳо иловаҳои фаъоли биологӣ, малҳам, маводи молиданӣ, балзам, дамлама ва обҳои минералӣ ҳамчун воситаҳои самараноки табобати диабети қанд, сактаи мағзӣ, гастрит, бемориҳои дилу рагҳо, ҷигар, гурда, артрит, фишорбаландӣ ва дигар бемориҳо муаррифӣ мешаванд.
Ин гуна рекламаҳо метавонанд боиси он гарданд, ки истеъмолкунандагон маҳсулоти мазкурро ба ҷойи дору қабул кунанд.
Тибқи хулосаи мақомоти ваколатдор, вазифаи асосии иловаҳои фаъоли биологӣ қонеъ намудани эҳтиёҷи ҳаррӯзаи организм ба моддаҳои муфид мебошад. Онҳо дору ба ҳисоб намераванд ва барои табобати бемориҳо пешбинӣ нашудаанд.
Аз ин рӯ, муаррифӣ намудани иловаҳои фаъоли биологӣ ҳамчун воситаи табобат ва муболиға кардани хусусиятҳои шифобахши онҳо хилофи талаботи қонунгузории амалкунанда мебошад.
Мутобиқи моддаи 35 Қонуни «Дар бораи реклама», рекламаи иловаҳои фаъоли биологӣ ва ғизоӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- набояд тасаввуреро ба вуҷуд оварад, ки онҳо дору ё дорои хусусияти табобатӣ мебошанд;
- набояд ба ҳолатҳои табобат ё беҳтар шудани вазъи саломатии одамон ишора кунад;
- набояд изҳори миннатдорӣ ё тавсияҳои шаҳрвандонро дар бар гирад;
- набояд мардумро ба даст кашидан аз ғизои солим ташвиқ намояд;
- набояд тавассути маълумот дар бораи таҳқиқот ё бақайдгирии давлатӣ тасаввуреро ба вуҷуд оварад, ки маҳсулот аз доруҳо бартарӣ дорад;
- дар ҳама ҳолат бояд бо огоҳии «Ин маҳсулот дору нест» пешниҳод карда шавад.
Кумитаи рақобат аз таблиғкунандагон ва паҳнкунандагони реклама даъват кард, ки талаботи қонунгузории амалкунандаро риоя намуда, аз паҳн кардани маълумоти гумроҳкунанда ва беасос худдорӣ кунанд.