Охирин сайди сайёди пир

Замоне ӯ ҷавони навхати пурпайкаре буд дар обрави Чашмаи Кабӯтарон. Ба ному насабаш кунун одамон касбу корро часпонида буданд. Чун ин ҳарфу ҳиҷоро аз забони ҳамагон мешунид, фахру ғурур мекард аз ин бархӯрдҳо. Бар мекушоду зери лаб лабханд мезад ӯ худ аз худ.

Шикор барояш хумор буд. Агар дар авул иҷрои коре пеш наояд, рӯз дар миён аз пайи ин кор овора мешуд. Рӯзе аз рӯзҳои пайсипаршуда гӯшаш аз миш-мишҳои аҳли авул бод гирифт, ки гӯё дар дараи Гӯризиндонак як рама оҳуи кӯҳӣ пайдову ниҳон мегаштанд. Аз шикор бармегашту сар дар ин хаёл буд, ки чӣ гуна рӯзи дигар ба ин манзил равад. Оё пайомади кораш бобарор анҷом меёфта бошад? Дар ин самт роҳи зиёдеро паймудан лозим меомад, то поёни теғаи қуллаи кӯҳи Чӯлбаҳр. Ин ба гуфтан осон. Мушкиле, ки сари ӯро бештар гиҷ мекард, роҳу пайраҳаи ноошно буд. Вале як ҳисси ноаён чун оҳанрабо ӯро ба ин сӯ мекашид. Ӯ гоҳе дар сари теғаи ин кӯҳи солору бовиқору устувор худро дида, бо тамоми нерӯяш ово кардан мехост: «Эй одамон, бубинед, ки банда чунин фарди хушбахтам, дар ин макони дастнорас яккаву танҳо фароғат дорам. Мехоҳам, ки ҳамроҳи ман бошед, бӯйи гулҳои рӯҳафзоро ба димоғ ҳамроҳ кашем».

Ҳанӯз хаёли ширини хешро аз сар дур наафканда, дар дуроҳаи авул бо дӯсти бачагиаш рӯбарӯ омад. Ҳар ду пас аз ҳолпурсӣ дар ҳар боб гуфтугӯ карданд. Дӯсташ арзи ҳол кард – гургҳои даранда ҳоли мардуми чорводорро ба танг оварда, чӣ мешуд чашмони ин дуздони муфтхӯрро тарсонад ва ин ҷонварон бидонанд, ки дар ин манзилу макон ба ҷуз онҳо ҷинси одамизод мавҷуд, онҳо метавонанд ба муқобилашон кору пайкор кунанд. Ва ҳамин гап боис шуду ӯ фикри шикори оҳувони дараи Гӯризиндонакро ба дигар замон вогузошт ва рӯзи дигар баҳри тарсонидани чашми ин даррандаҳо ба ҷониби пайкари санги одамсимо роҳ гирифт.

Он рӯз шикораш барор гирифт, ду гургро ба ҳалокат расонида, ба авул овард. Овозаи шикори сайёди ҷавон дар тамоми қаламрав достон шуд. Одамони зиёд ба манзилаш омада бахшишҳои зиёд инъом мекарданд. Пас аз ин дар ин дарёбод ҳамчун сайёди ҷасур маълуму машҳур гашт.

Даҳмардаи пир роҳ мепаймуд, зери лаб пеши Худо тавбаву тазаррӯъ мекард, ки ба умри наберааш умр зам кунад, давомдиҳандаи авлоду аҷдод бошад. Ба ёдаш расид, ки он замон ин роҳро дар як он паси сар карда ба сари қуллаи зови Сафед расида буд. Ҳоло ку он қувваю тавоноӣ, нерӯву бозуи рустамона? Асаре аз он намонда, чӯбу устухон гашта. Ҳеч гумон намекард, ки дар айёми пирӣ боз ин роҳро бо азоб бозпас сипарад. Роҳравон ба дил мегуфт, ки кош шикорам бобарор анҷом пазирад, дар назди дӯсту душманон шармандаву шармсор нагардад. Сапеда медамид, пешрӯ рӯшан метофт. Ӯ кунун бемалол пеши пойи худро медид. Сойи азимро убур карда, рӯболо шуд. Пайраҳаи ҳалқасони моли реза бар тани баландиҳо печида-печида то сари қуллаи кӯҳ мерасид. Аз оғози сой деворкамари азим гӯё ба ин роҳ мепайваст.

– Аҷаб инояте дорад Худои яккаву ягона. Сангҳои камар чун дар қолабҳо гӯё бо дастони одамӣ ба тартиб чида бошанд, девори азимро ба ёд меоранд, – ба худ гуфтугӯ мекард ӯ.

Мӯйсафед гоҳе ба ҷониби рост, гоҳе ба ҷониби чапи роҳ эҳтиёткорона тоб хӯрда, пеш мерафт. Дами пайраҳаро шибоқу симхорҳои печонида гашти ӯро то андозае мушкил мекард. Вале ӯ ин монеаҳоро дам ба дам бехавф сохта, рӯ ба ҷониби пайкараи санги одамсимо наздик мешуд. Ӯ мебоист то тулӯи хуршед ба манзил мерасид. Дар сурати каме таъхир намудан, галаи гургон аз пайи шикор хоҳанд рафт. Дар сар чунин хаёлҳои пареш қадами хешро метезонид. Хатари сангҳои беҷошуда ва рези кӯҳсор дили касро ба таҳлука меандохт. Рези кӯҳсор шабу рӯз дар ин манзил ламида ба дараҳо сарнишеб мешуд. Чун рези резон мунтазам меламид, буни сангҳои пешрӯро такон медод ва ноаён онро аз беху бунёдаш канда, ба поён меғелид. Сангҳо ғелида-ғелида, сад сангро беҷо карда, ба поён сарнишеб мешуд ва то он даме, ки дар ёлаву бағали харсангҳо захираи он ба охир нарасад, резиши он қатъ намегардид.

Вуҷудашро обу арақ зер кард. Дар роҳи бехатаре истода, нафас рост кард, ба пешрӯ нигарист.

Агар бо ин суръат қадам ниҳад, боз як соати дигар ба манзили гургон хоҳад расид, тахмин мекард ӯ. Мили туфанг дами роҳ паймудан ба сангу хорҳо дакка зада, як ба болову поён хам хӯрда, мушкилиеро эҷод мекард. Ногаҳон ба гӯшаш садои шараққоси баҳам хӯрдани санге расид. Санги азим аз боло рост ба сӯйи ӯ меғелид. Ба таҳлука афтода ба ҷониби чап давид. Хайрият, заррае монд, ки он ба сараш расида, зеру забараш кунад. Эҳтиёткорӣ наҷоташ бахшид, аз ин балои ногаҳонӣ. Санги ғелон тирвор садҳо санги пешрӯяшро беҷо карда, тирвор аз ақибаш чангу хокро ба ҳаво барангехта ба поён меомад. Ин дам аз пушти ин санги ғелон рези кӯҳсор чун сел ба поён мешорид. Гиребонашро ҷуфт кард, пасон ба қафаси синааш туф кард. Бо як таҳлукаву ҳаяҷони ҳавлангез ба санги паҳлӯи роҳ пайкарашро такя дода, жарф-жарф нафас даркашид.

– Ин санг чӣ сон аз ҷояш беҷо гашт? Дар ин манзил рама дар чаро набошад, – ба хеш суол медод ӯ.

Дурбинро ба чашмонаш кард, ба ҷониби қуллаи Сафед нигарист. Поёнтар аз қулла сиёҳие дар паҳлӯи харсанг тирвор гузашта, дар як лаҳза нопадид шуд. Ба ҷониби харсанг гурге дартоз метохт. Яқин кард, ки ҳангоми афту дарафт аз таги пояш санге беҷо шуда ба поён ғелида бошад. Пайкараи санги одамсимо ба назар наменамуд.

– Шояд андаке саҳв карда бошад, – радду бадал мекард даҳмардаи пир.

Офтоб кунун бо нури сафобахши хеш арзи салом баҷо меовард. Аз дуриҳои дур хониши кабки рав гоҳ-гоҳ ба гӯш расида, ба сукунати сурурангези субҳгоҳон латма зада гӯё ҳамҷинсони хешро аз хоби гарон бедор кардан мехост. Ҳуд-ҳуде низ дар посухи ин овоз бонги сабо мезад. Аҷаб фораму дилангез буд, бонги ҳуд-ҳуд дар ин субҳгоҳон. Ин садо кайҳо боз ба умқи дилаш нишаста, айёми бебозгашти бачагии ӯро шоду бод медод. Ҳа, ҳанӯзам ин овози хуш аз ёдаш нарафта, гӯё дирӯзакак ба вуқӯъ омада, пеши дидагонаш ҳувайдост.

Арӯси сол султони ин айём буд. Падару писар дар лаби сой як порча заминро посира карданд. Майса аз боронҳои пайдарпайи баҳорӣ зуд кӯрпа шуд, сар ба боло қад афрохту дон баст. Гунҷишкакони даштӣ фавҷ-фавҷ ба сари гандумзори нимдумбул нишаста радаҳои онро дар як он холӣ мекарданд. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки аз хисорот ҳосил ба даст овардан муҳол бошад. Дигар чора надорад ба ҷуз «ҳой» гуфтани он. Бо қиблагоҳаш ба сари гандумзор омада, фалахмоне ҷӯр карда гуфт, ки то бегоҳ «ҳой» гӯяд. Дар як даст фалахмон ба дасти дигар чӯбдаст, ба ҷониби гунҷишкон санг меандохт, «ҳой» мегуфт. Аз рами санги фалахмон ин паррандагон ба ҳаво хеста, аз ҳудуди посира каме дур рафта, боз ба сари саракҳо нишаста дони онро ҳарисона мехӯрданд.

Ин лаҳза аз дуриҳои дур овози дилангези ҳуд-ҳуде расида ба гӯши ин навраси навбол гӯё алла мегуфт. Бо хаёли ширине ба сари санге нишаст, бо ҳиссиёти том гӯш ба ин овоз дод. Овози маҳину форам чӣ сон хобашро барангехт, ёд надорад. Лаҳзае ғунид. Ногаҳон овози марғуладори падар ӯро аз олами рӯъё раҳонид. Дашномҳои қабеҳ дод, чанд силӣ ба рӯйи ӯ зад. Ҳамин сон аз биму ғазаби қиблагоҳаш то бегоҳ ин ҷонваракони ҳарисро «ҳой» гуфт. Рӯзҳои дигар низ идома дод ин амалашро. Ҳойгӯйиҳояш нафъи нек бахшид, ҳосили зиёд ба даст оварданд, аз ин посира. Аз ҳамон айёми бачагӣ овози ҳуд-ҳуди сабо ба гӯшаш он рӯзҳои бебозгаштро ба ёдаш меорад.

(Давом дорад).

Нуралӣ РАҶАБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: