Ҷашни Истиқлол яке аз муҳимтарин ва пурҷилотарин саҳнаҳои таърихи кишварамон ба шумор меравад, ки ҳар сол бо шукуҳи ҳарчи бештар таҷлил ва дар ҳаёти мардуми мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Ин як рӯзи барои бошандагони ҷумҳурӣ фархунда ва фаромӯшношудание буда, дар сафҳаи таърихи меҳан оғози зиндагии нав ва давраи комилан ҷадидро, ки дар ҳавои меъёрҳои давлатдории мустақил фароҳам омадааст, ифода мекунад. Пас аз нашри эъломияи истиқлолият (соли 1991) ғояҳо нав шуданд, назарҳо тағйир ёфтанд ва муносибат низ ба зиндагӣ дигар шуд.
Мардум худро масъул медонист, ки барои фардои дурахшони Ватан суботкорона меҳнат кунад, бештар часпу талош варзад. Онҳо рафтори худро бо қарорҳои ҳукумат ҳамоҳанг сохта, ливои истиқлолро баланд бардоштанд. То Ӯзбекистони тозаистиқлол қомат рост намояд, мушкилоти зиндагӣ яке паси дигаре бартараф гарданд ва ҳаёт ғолибан рангу бӯйи дигар пайдо кунад, шабону рӯзон дар фикри бунёдкориҳо зистанд.
Бале, он рӯзҳои таърихсозу тақдирсоз дар ёдҳои мо – насли калонсол нақш бастааст. Дар пайи хараҷу мараҷҳо дар Маскав пояҳои давлати Шӯравӣ сусту бебунёд шуданд ва он абарқудрати ҷаҳонӣ банохост суқут қард. Аз вазъи пешомада истифода карда, фарзандони фарзонаи мо бо ҷуръати хеле баланд ва шуҷоати бемисл Ӯзбекистонро, ки узви он иттифоқ буд, 31 августи соли 1991 мустақил эълон карданд. Албатта, хурсандии равшанфикронро ҳадду каноре набуд. Аммо аз сӯйи дигар ҳанӯз як гӯшаи дилҳо торик буд: «Акнун чӣ тавр бояд зист?» Ин савол мудом мағзҳоро машғул медошт. Аммо ин як саволе буд, ки аз умқи тафаккури ғуломона бармехост ва бар шуҷоати мардуми озодихоҳ ва нав ба истиқлолрасида латма мезад. Минбаъд ҷасорат ва таҳаммул лозим буд, ки ҳар гуна афкори бадро аз ҳарими дилҳо бирӯбанд ва душвор бошад ҳам, ба ғояҳои истиқлол содиқ бимонанд. Дар пеш мардуми моро имтиҳони бузурге мунтазир буд!
Акнун шумори давлатҳои олам афзуда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи нав – Ӯзбекистон зуҳур кард. Ин рӯзи таърихӣ барои мардуми Ӯзбекистон фаромӯшношуданӣ аст. Пас аз ин воқеаи таърихӣ маҷрои ҳаёти муқаррарии мо тағйир ёфта, замони як имтиҳони тақдирсоз фаро расида буд. Роҳбарони вақти ҷумҳурӣ тавонистанд, ки кишварро аз бӯҳрони иқтисодӣ, аз хатари эҳтимолии сар задани ҳар гуна ошӯбу исёнҳо, ки ҳамеша аз ҷониби душманони хонагиву хориҷӣ матраҳ мешуданд, беосеб то ба ин рӯзҳои пурнишот бирасонанд ва бо сиёсати хирадмеҳвари худ қадам ба қадам пеш рафта, зиндагии мураккаби халқро обод созанд. Дар байни даҳҳо кишвари абарқудрат қомат рост намудан, сухани худро гуфтану ба эҳтироми онҳо ноил гаштан кори саҳлу содае набуд. Аммо Ӯзбекистон аз рӯзҳои нахустин тавонист барои худ дар байни абарқудратон ҷойи пойе пайдо кунад ва ҳарфи дили худро аз минбарҳои баланди СММ гуфтаву чун давлати ҳуқуқмеҳвари мардумсолор шинохта шавад.
Бояд таъкид кард, ки Истиқлол барои ҳар халқу миллат неъматест бебаҳо ва басо бузургу арзанда ҳисоб меёбад. Ғолибан, ба қадри он мардуме метавонад бирасад, ки мафкураи васеъ, маънавият ва маърифати комил дорад. Дар ҷаҳон халқу миллатҳои зиёде ҳастанд, ки дар орзуи истиқлол ҳаёт ба сар мебаранд, аммо аз қазо ин орзуи онҳо чун саробе боқӣ мондааст. Хушбахтона, Ӯзбекистон ва мардуми шарифи он аз ин бахти баланд бархурдоранд.
Ёд дорем, ки дар нахустин рӯзҳои истиқлол мардуми мо хеле азоб мекашид. Зиндагии фақиронае дошт. Дар деҳаҳои дурдаст дасторхони мардум ҳатто рӯйи гарми нонро кам медид. Орду равғану шакар аз рӯйи талон ва ба миқдори муайян тақсим мешуд. Охир, ба ҷумҳурие, ки нав ба истиқлол расидааст, ҳал кардани мушкилоти рӯзафзун ба осонӣ даст намедод. Аммо қатъияти роҳбарони давр, сабру таҳаммули мардум дар баробари садҳо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷонбозиҳои фарзандони накӯном, садоқати соҳибкорони навкор... оҳиста-оҳиста шароитро беҳбуд бахшиданд ва билохира, ба рӯзҳои нисбатан хуб расидем.
Хоса, даҳ соли ахири замони Истиқлол барои Ӯзбекистон ва халқи он тақдирсоз буд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии муҳтарам Шавкат Мирзиёев корҳоеро ба анҷом расониданд, ки меваи ширини онро аллакай мечашем. Ҳукумат ба сохтани Ӯзбекистони Нав азм кард: Ӯзбекистоне, ки ҳамқадами замонаи мутамаддин буда, дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо аз оини дӯстиву рафоқат кор мегирад. Дар ҳама соҳаҳо ислоҳоти куллӣ ҷорӣ шуд ва раванди якмароми ҳаёти пешин тағйир ёфта, зиндагии мардум ба сатҳи сифатан нав ворид шуд. Иқтисод, маориф, тандурустӣ ва кулли соҳаҳои ҳаётан муҳим рушд карда, марҳилаи ҷадиди тараққиёт оғоз гашт. Ӯзбекистон ба пешрафтҳои чашмгире ноил шуда, қиёфаи комилан тоза гирифт ва ҳоло ҳар меҳмоне, ки вориди ватани мо мегардад, аз дидани бунёдкориҳо, ободии шаҳру ноҳияҳо ба ваҷд меояд. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ коҳиши сатҳи фақр дар кишвар аст. Ҳукумат часпу талош дорад, ки ҳам камбизоатии иқисодӣ ва ҳам фақри маънавиро решакан намояд. Ин аст, ки ба соҳаи таълими халқ ба таври бесобиқа эътибор медиҳад, базаи моддиву техникии таълимгоҳҳоро мустаҳкам ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ месозад. Ба сифати таълим бештар тамаркуз гирифта, барои зуҳур кардани мутахассисони ватанӣ шароити мусоид фароҳам месозад. Кишваре, ки тараққии мактабу маорифро аз нақшаҳои дурнамои худ меҳисобад, дар ҳама корҳо муваффақ хоҳад шуд.
Аммо ба қадри Истиқлоли ватан расидан ва ҳама сол онро бо шукуҳу ҷалол таҷлил намудан қарзи фарзандии ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад. Ин дар сурате идрок мегардад, ки мо бояд аз тафаккури ғуломона канор биравем ва ҳаёти худро дар асоси меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва хислатҳои фарди озодманиш ташкил кунем. Фахр кардан аз Истиқлоли ватан аз нишонаҳои тафаккури баланд буда, ҳар амали худро тобеи ин ҳиссси олӣ сохтан пайвандии мазкурро боз ҳам вусъат мебахшад. Ҳамин тафаккур аст, ки одамро аз як хӯсаи фармонбардор ҷудо карда, ба сӯйи ҷомеаи мардумсолор ва халқмеҳвар мебарад, афкори ваҳдату дӯстии халқҳоро ангезиш дода, мақоми шахси равшанфикрро дар ҷомеа таъкид месозад. Тафаккури озод аз умқи маънавияти баланд берун омада, дар шинохти неку бади ҷомеа, сиёҳу сафеди ҳаёт ва билохира, душманони пасипардагии хориҷиву тагибӯрёвии хонагии Ватан мусоидат мекунад.
Шариф Халил,
нависанда.