Амороти Муттаҳидаи Араб аввалин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки доруи нави табобати витилигоро тасдиқ кард. Ин дору барои беморони гирифтори шакли ғайрисегментии ин беморӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре ки Kazinform хабар медиҳад, табобат бо ин дору соли гузашта дар Конфронси 10-уми байналмилалии дерматология, ки дар Дубай баргузор гардид, расман оғоз ёфт.
Шакли ғайрисегментии витилиго навъи маъмултарини ин беморӣ ба шумор меравад. Ҳангоми гирифторӣ ба он дар қисматҳои гуногуни бадан, аксаран ба таври симметрӣ, доғҳои сафед пайдо мешаванд.
Дору танҳо бо пешниҳоди дорухат дастрас буда, миқдор ва давомнокии истеъмоли онро мутахассис муайян мекунад.
Витилиго бемории музминест, ки дар натиҷаи фаъолияти нодурусти низоми масуният ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат, низоми масуният ба ҳуҷайраҳои истеҳсолкунандаи пигмент ҳамла мекунад. Нобуд шудани ин ҳуҷайраҳо боиси аз даст рафтани ранги табиии пӯст ва пайдо шудани доғҳои сафед дар бадан мегардад.
Ба гуфтаи созмондиҳандагони конфронс, аз 1 то 2 дарсади аҳолии ҷаҳон ба ин беморӣ гирифторанд. Тақрибан нисфи беморон нишонаҳои аввалини онро то синни 20-солагӣ эҳсос мекунанд.
Ҳарчанд витилиго одатан боиси дарди ҷисмонӣ намешавад, он метавонад ба вазъи равонӣ, эътимод ба нафси беморон ва сифати зиндагии онҳо таъсири назаррас расонад.