Дар Ӯзбекистон энергетикаи бодӣ рушд мекунад

Дар айни замон дар Ӯзбекистон 7 неругоҳи барқи бодӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори умумии онҳо 1 ҳазору 872 мегаваттро ташкил медиҳад.

Ин неругоҳҳои барқи бодӣ дар вилоятҳои Навоӣ ва Бухоро, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Тошканд бунёд шудаанд. Амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо барои боз ҳам густариш додани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар низоми энергетикии кишвар мусоидат мекунанд.

Аз ҷумла, солҳои 2023–2024 дар ноҳияи Томдии вилояти Навоӣ неругоҳи барқи бодӣ бо иқтидори 500 мегаватт ба кор даромад. Солҳои 2024–2025 дар ноҳияҳои Пешкӯ ва Ғиждувони вилояти Бухоро ду неругоҳи бодӣ бо иқтидори 500-мегаваттӣ ва як неругоҳи дигар бо иқтидори 52 мегаватт, дар маҷмӯъ 1052 мегаватт, ба истифода дода шуданд.

Соли 2025 дар ноҳияи Қараӯзакки Ҷумҳурии Қароқалпоқистон неругоҳи барқи бодӣ бо иқтидори 100 мегаватт ва соли 2026 дар ҳамин ноҳия неругоҳи дигар бо иқтидори 200 мегаватт, инчунин дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд неругоҳи барқи бодӣ бо иқтидори 20 мегаватт ба фаъолият оғоз карданд.

Аз замони ба истифода додани ин неругоҳҳо то имрӯз дар маҷмӯъ 8,2 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Дар натиҷа 2,1 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа гардида, аз партови 4,7 миллион тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ шудааст.

Афзоиши ҳиссаи энергияи «сабз» натиҷаи амалии ислоҳот дар соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон ба шумор меравад. Рушди ин самт ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва ташаккули низоми муосири энергетикии кишвар мусоидат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: