Ҳомиладорӣ ва доштани кӯдаки то сесола — асос барои озод шудан аз аттестатсияи ҳатмӣ

Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ӯзбекистон оид ба ин ва дигар саволҳои марбут ба аттестатсияи омӯзгорон маълумот пешниҳод кард.

Тибқи Низом «Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои педагогии муассисаҳои таълими томактабӣ, таҳсилоти умумии миёна, миёнаи махсус, касбӣ ва беруназмактабӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 сентябри соли 2021 тасдиқ шудааст, аттестатсияи омӯзгорон дар ду шакл — ҳатмӣ ва ихтиёрӣ (ғайринавбатӣ) гузаронида мешавад.

Тибқи низомномаи мазкур, гурӯҳҳои зерини занони омӯзгор ба аттестатсияи ҳатмӣ ҷалб карда намешаванд:

- занони ҳомила — дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми як соли баъди бозгашт ба кор;
- заноне, ки дар рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё рухсатии нигоҳубини кӯдак қарор доранд — дар давраи рухсатӣ ва дар давоми як соли баъди бозгашт ба кор;
- заноне, ки фарзанди то сесола доранд.


Аммо бояд таъкид кард, ки ин имтиёз танҳо ба аттестатсияи ҳатмӣ дахл дорад. Занони омӯзгори гурӯҳҳои мазкур дар сурати хоҳиши иштирок дар аттестатсияи ихтиёрӣ метавонанд тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар санҷишҳо ариза пешниҳод кунанд.
Тибқи тартиби амалкунанда, омӯзгороне, ки бо хоҳиши худ барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ дар аттестатсияи ғайринавбатӣ иштирок карда, аз санҷиш гузашта натавонистаанд:

- дараҷаи тахассусии онҳо паст карда намешавад ва музди меҳнаташон тибқи дараҷаи тахассусии амалкунанда пардохт мегардад;
- ба омӯзгороне, ки аз рӯйи натиҷаи санҷиш дараҷаи тахассусии худро баланд кардаанд, музди меҳнат аз рӯйи дараҷаи нави тахассусӣ пардохт карда мешавад.


«Ҳадафи асосии озод намудани занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки то сесола доранд, аз аттестатсияи ҳатмӣ — ҳифзи саломатии худи занон ва фарзандони онҳо, инчунин пешгирӣ аз ташвишу сарсонии зиёдатӣ мебошад», — гуфта мешавад дар хабари Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: