Ҳангоми дарди сар аз хунукӣ
Агар садарайҳони хушкшударо бо ҳино омехта, кӯфта, дар ҳаммом ба сар моланд, дарди сареро, ки аз хунукӣ аст, рафъ мекунад.
Ҳангоми дарди шикам аз хунукӣ
Ҳангоми беҳолӣ ва дардҳои шикам, ки бар асари хунукӣ мебошанд, 6 грамм ангишти эрмонӣ, 15 грамм қонтепар, 15 грамм хокаи шохи оҳу, 9 грамм гиёҳи эгрисурнайро гирифта, дар 200 миллиграмм об меҷӯшонанд ва 1 қошуқӣ 3 маҳал дар як рӯз менӯшанд.
Ҳангоми «сардӣ»-и ҷигар
Ҳар рӯз 7 грамм сабзии саҳроиро хушк карда, бо чой ва асал омехта нӯшанд, ба ҷигари «сардшуда» гармӣ мебахшад.
Фоидаи испанд барои одамони сардмизоҷ
Ҳазориспанд барои одамони мизоҷашон «сард» тавоноии ҷинсӣ мебахшад, баданро фарбеҳтар мекунад, ихроҷи пешоб, арақ, шир ва ҳайзро ба эътидол меорад, инчунин барои хориҷ шудани савдо ва балғами хушк мусоидат мекунад.
Барои омода кардани ҷӯшоба аз испанд ба дегча 250 мл об андохта, ба он 1 қошуқча судаи испанд меандозанд, дар оташи паст 5 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас онро печонда, 2 соат дам медиҳанд. Баъд аз дока гузаронда, рӯзе 3–4 маҳал пеш аз хӯрок 1 қошуқӣ менӯшанд.
Ҳангоми хунук задан
Яке аз осебҳои маъмул, ки дар ҳавоҳои сарди зимистон дар кӯдакон мушоҳида мешавад, сармозадагӣ мебошад. Агар рухсораҳои фарзандатон сурхтоб бошад, пас гардиши хун дар меъёр аст. Агар дар рӯйи кӯдак доғчаҳои сурху сафед пайдо шаванд, бояд фавран ба хона баргашт. Ин аввалин аломати осеби хунук задан аст.
Баъди хона баргаштан рӯйи кӯдакро бо оби гарм нашуед. Инчунин ба рӯйи ӯ молидани равған ё крем ҳам мумкин нест. Беҳтар он аст, ки ба кӯдак чойи гарм дода, ба тағйироти пӯст аҳамият диҳед. Масҳи сабук низ гардиши хунро беҳтар мекунад. Агар дар давоми ним соат ранги пӯст ба ҳолати муқаррарӣ барнагардад, бояд ба духтур муроҷиат кард.
Ҳангоми кирми кадудона (солитер)
1 дона сирпиёзро майда карда, бо зардии 1 дона тухми хом, як мушт арзан (пшено)-и хом ва шир омехта мекунед. Ин омехтаро якбора менӯшанд. Ин восита солитерро аз бадан хориҷ мекунад.
Барои ҷилои мӯйи сар
Витаминҳои таркиби равғани бодом барои табобати мӯйҳои хушк ва беҷон фоида дорад. Пас аз истифодаи чанд ниқоби равғанӣ мӯйҳо солим ва ҷилодор мешаванд.
Ҳангоми заиф (шикананда) будани мӯйи сар
Барои раҳоӣ аз сабӯсак ва пешгирии зуд шикастани мӯй, шустан бо кафки тухм тавсия мешавад. Барои ин тухмро бо каме об хуб омехта мекунанд, то ки кафк кунад. Мӯйи худро аввал бо ин кафк, баъд бо оби оддӣ ва сипас бо оби каме турш (масалан, бо иловаи кислотаи лимӯ) хубтар шӯед.
Барои мустаҳкам кардани решаи мӯйи сар
Барои мустаҳкам шудани решаи мӯй ва беҳтар шудани инкишофи он, дамкардаи навдаи беду тӯс (қайин) ва баргҳои онҳо (бо нисбати 1 истикон гиёҳ ба 1 литр об) истифода бурда мешавад.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.