Натиҷаҳои имтиҳонҳои сертификати миллӣ аз фанҳои биология, химия, физика ва математика эълон шуданд

Довталабоне, ки аз натиҷаҳои имтиҳон норозӣ ҳастанд, метавонанд дар давоми панҷ рӯз тавассути низоми my.gov.uz шикояти апеллятсионӣ пешниҳод кунанд.

Натиҷаҳои имтиҳонҳои сертификати миллӣ аз фанҳои биология, химия, физика ва математика, ки рӯзҳои 26–29 сентябр ва 2–4 октябри соли ҷорӣ баргузор шуда буданд, эълон гардиданд. Дар ин бора Агентии арзёбии дониш хабар дод.
Тибқи иттилои агентӣ, довталабон метавонанд натиҷаҳои худро дар бахши «Аризаҳои ман» ( “Менинг аризаларим” )-и сомонаи my.gov.uz бинанд ва сертификати худро дар шакли электронӣ зеркашӣ кунанд.
Натиҷаҳои имтиҳонҳо бар асоси модели байналмилалии Раш (Rasch) ҳисоб карда шудаанд. Вобаста ба холҳои бадастоварда ба довталабон сертификат бо дараҷаҳои зерин дода мешавад:
А+ — зиёда аз 70 хол;
А — аз 65 то 69,9 хол;
B+ — аз 60 то 64,9 хол;
B — аз 55 то 59,9 хол;
C+ — аз 50 то 54,9 хол;
C — аз 46 то 49,9 хол.

Довталабоне, ки аз натиҷаҳои имтиҳон норозӣ ҳастанд, метавонанд дар давоми панҷ рӯз тавассути сомонаи my.gov.uz шикояти апеллятсионӣ пешниҳод намоянд.
Шикоятҳои апеллятсионӣ дар давоми ду ҳафта пас аз анҷоми қабули ҳамаи аризаҳо баррасӣ карда мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: