Дар Зеландияи Нав ният доранд истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ кунанд. Дар ин бора The Guardian бо такя ба изҳороти сарвазири кишвар Кристофер Лаксон хабар медиҳад.
Тибқи лоиҳаи қонуни таҳияшуда, платформаҳои иҷтимоӣ вазифадор мешаванд барои муайян кардани синни корбарон чораҳои муносиб андешанд. Барои ин метавон аз маълумоти мавҷудаи ҳисобҳои корбарон, технологияҳои шинохти чеҳра ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти рақамӣ истифода бурд.
Барои платформаҳое, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ҷарима ба андозаи то 10 фоизи даромади ҷаҳонии онҳо пешбинӣ шудааст.
«Мо наметавонем танҳо тамошо кунем, ки чӣ гуна ба як насли томи кӯдакони Зеландияи Нав зарар расонида мешавад. Шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро ба муҳтавои зараровар, технологияҳои вобастакунанда ва фишорҳое рӯ ба рӯ мекунанд, ки онҳо ҳанӯз барои муқобила бо онҳо омода нестанд. Ин ҳолат ба ҳаёти оилавӣ, солимии равонӣ, хоб ва таҳсили онҳо таъсир мерасонад», — гуфтааст Лаксон.