Тарҷумаи «Рӯзгори гузашта» – қадами муҳим дар густариши робитаҳои адабӣ

  • Тарҷумаи «Рӯзгори гузашта» – қадами муҳим дар густариши робитаҳои адабӣ
  • Тарҷумаи «Рӯзгори гузашта» – қадами муҳим дар густариши робитаҳои адабӣ
  • Тарҷумаи «Рӯзгори гузашта» – қадами муҳим дар густариши робитаҳои адабӣ
  • Тарҷумаи «Рӯзгори гузашта» – қадами муҳим дар густариши робитаҳои адабӣ
  • Тарҷумаи «Рӯзгори гузашта» – қадами муҳим дар густариши робитаҳои адабӣ

Дар нишасти фарҳангиву адабие,ки бо иштироки пажӯҳишгарон, адибон, тарҷумонҳо, намояндагони ниҳодҳои фарҳангӣ ва масъулони «Боғи китоб» (Эрон) дар Хона-музейи Абдулло Қодирии шаҳри Тошканд баргузор шуд, ҳусну қубҳи тарҷумаи романи машҳури Абдулло Қодирӣ «Рӯзгори гузашта» («Ӯткан кунлар») ба забони форсӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои адабии Ӯзбекистону Эрон баррасӣ гардид.

Дар ҳамоиш Хондамир Қодирӣ – директори Хона-музейи Абдулло Қодирӣ, доктор Ҳасан Сафархонӣ – ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон, Муҳаммадҷавод Гулзор – мудири нашриёти «Нахли сабз» ва муассисаи байналмилалии «Мисбоҳ», сардабири нашрияи «Дипломатияи китоб», Ҳомид Деҳқонии Фирӯзободӣ – пажӯҳишгар ва дабири илмии маҷмӯаи илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии «Боғи китоб», Сомон Толибзода – мутарҷим ва корманди сафорати Эрон дар Тошканд, Рисолат Ҳайдарова – мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, инчунин гурӯҳе аз адибон, аз ҷумла Тӯхтамиш Тӯхтаев ва Абдулло Субҳон суханронӣ карданд.

Юнус Имомназар, ки тарҷумаи форсии роман ба қалами ӯ тааллуқ дорад, дар бораи таърихи тарҷума ва нашри ин асар маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, тақрибан ду сол пеш аз сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод карданд, ки чанд саҳифаи романро ба форсӣ тарҷума кунад.

Пас аз тарҷума ва пешниҳоди намунаи аввалин, ки тақрибан 15 саҳифаро дар бар мегирифт, ба сифати кор баҳои мусбат дода шуд ва тарҷумаи пурраи роман пешниҳод гардид. Юнус Имомназар дар муддати панҷ моҳ тарҷумаи форсии асарро ба анҷом расонд.

Бояд гуфт, ки романи мазкур бо номи «Рӯзгори мозӣ» аз тарафи тарҷумон Истад Қосимзода ба хати кириллии забони тоҷикӣ  чанде қабл ба табъ расидааст.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза бояд осори адибони ду кишвар бештар тарҷума ва нашр шаванд. Ин иқдом на танҳо барои ошноии бештари хонандагон бо мероси адабии адибони якдигар, балки барои таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дилнозаи ДОНИЁР,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: