Ба муносибати 90-солагии журналисти номдор, нахустин муҳаррири рӯзномаи «Халқ сӯзи» – «Народное слово» Аҳмадҷон Мухторов анҷумани фарҳангӣ баргузор гардид.
Адиб ва рӯзноманигор Ҳабиб Темиров таъкид намуд, ки устод Аҳмадҷон Мухторов анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии гузаштагонро бо қадами қатъӣ, бебокона идома дод. Ӯ фаъолияти меҳнати хешро дар рӯзномаи «Ленин йӯлӣ» (ҳоло «Зарафшон») аз вазифаи мусаҳҳеҳ оғоз карда, то дараҷаи муҳаррири он расид. Ин марди далеру донишманд на танҳо сармуҳаррир, балки худ мактаб буд, мактаби ҳақиқат, ҷасорату адолат.
– Бурди ҳар рӯзнома пеш аз ҳама ба шахсияти сармуҳаррири он вобаста аст, – афзуд корманди рӯзномаи «Халқ сӯзи» Шуҳрат Ҷабборов, – устод Аҳмадҷон Мухторов нашрияро ба минбари зинда ва пурнур табдил дод. Раҳматӣ роҳбари касбӣ ва беҳамто буда, қалами таҳрири қавӣ дошт ва масъулиятро пурра ба дӯш мегирифт. Бо зердастонаш мисли дӯсту бародар рафтору гуфтор мекард, ки ин гуна муомила муҳити эътимод ва самимиятро дар идора ба вуҷуд меовард.
– Дар ҳар давру замон дар саҳифаи таърихи матбуот чеҳраҳое ҳастанд, ки номи онҳо на танҳо бо қалам, балки бо ҷуръати шаҳрвандӣ ва эҳсоси масъулияти бузурге сабт хоҳад монд, – гуфт доктори илмҳои педагогика, ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд профессор Юсуф Абдулло, – яке аз чунин шахсият Аҳмадҷон Мухторов буд, ки ҳамчун муҳаррири бебок, барои ҳақиқат ва адолат то лаҳзаҳои риққатбори вобаста мубориза бурд.
Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ваъда дод, ки барои ба номи Аҳмадҷон Мухторов гузоштани ягон кӯча ё маҳаллаи Самарқанд кумаку дастгирии ҳукумати маҳаллиро ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»