Астероиди бузург аз наздикии Замин мегузарад: чаро NASA онро эҳтимолан хатарнок медонад?

Моҳи августи соли 2027 астероиди бузурге бо номи 1999 AN10 аз наздикии Замин мегузарад. NASA онро ба гурӯҳи объектҳои кайҳонии эҳтимолан хатарнок шомил кардааст.

Чаро ин астероид хатарнок ҳисобида мешавад?
Тибқи маълумоти rbc.ua, диаметри астероиди 1999 AN10 аз 800 то 1800 метрро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, ки 7 августи соли 2027, соати 07:12 ба вақти ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ (UTC), он аз Замин дар масофаи тақрибан 389 ҳазору 855 километр мегузарад. Ин масофа тақрибан ба фосилаи байни Замин ва Моҳ баробар аст.
NASA ин астероидро бинобар андозаи бузург ва эҳтимоли то масофаи камтар аз 0,05 воҳиди астрономӣ ба мадори Замин наздик шуданаш, эҳтимолан хатарнок тасниф кардааст.
Аммо ин маънои онро надорад, ки бархӯрди астероид бо Замин ногузир ё ҳатто эҳтимолӣ аст. Ин тасниф танҳо нишон медиҳад, ки ҷирми осмонӣ ба андозае бузург аст ва метавонад ба Замин наздик шавад, бинобар ин ҳаракати онро бояд пайваста назорат кард. Эҳтимоли бархӯрди астероиди 1999 AN10 бо Замин дар ҳоли ҳозир ба сифр баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, бинобар наздик омадани он ба Замин, астероидро ҳатто бо дурбини одӣ дар осмони шабона мушоҳида кардан мумкин хоҳад буд. Ҳангоми аз ҳама наздик шуданаш он дар қисмати осмон, дар наздикии бурҷҳои Савр, Ҳамал, Ҳут ва Аспи Бузург қарор мегирад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: