Федератсияи миллии Ӯзбекистон дар овоздиҳии аъзои созмон 95,08 дарсади овозҳоро ба даст овард.
Дар шаҳри Чиндаои Чин Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии варзиши бодбонӣ (World Sailing) баргузор шуд. Дар он масъалаи ба узвияти комилҳуқуқи созмон пазируфтани як қатор федератсияҳои миллии варзишӣ баррасӣ гардид.

Тибқи натиҷаи овоздиҳӣ, Федератсияи варзиши бодбонии Ӯзбекистон бо касби 95,08 дарсади овозҳо узви комилҳуқуқи World Sailing шуд..
Ин мақом ба федератсияи миллӣ имкон медиҳад, ки аз барномаҳои рушди World Sailing истифода барад. Ҳамчунин, акнун варзишгарони Ӯзбекистон метавонанд дар мусобиқаҳои интихобии Бозиҳои олимпӣ ширкат варзанд.