Шавгон – аз роҳҳои обод то мояҳои ифтихор

деҳае, ки бо ҳамдилии мардум обод мешавад

Ҳар гӯшаи Ватан азиз аст, аммо зодгоҳ барои инсон маънои дигар дорад. Он ҷоест, ки решаҳои ҳастии инсон аз он сарчашма мегиранд, хотираҳо дар кӯчаҳояш боқӣ мемонанд ва орзуи инсонҳо дар оғӯши он парвариш меёбанд. Деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯ низ имрӯз бо симои тоза, рӯҳи созандагӣ ва дастовардҳояш ба яке аз намунаҳои ҷолиби ободонии ноҳия табдил меёбад.

Шавгон рӯз аз рӯз дигаргун ва обод мешавад. Ин дигаргунӣ дар ҳар кӯча, ҳар иншоот ва ҳар гӯшаи он эҳсос мегардад. Роҳҳои деҳа пурра асфалтпӯш гардида, на танҳо кӯчаҳои асосӣ, балки роҳҳои дохилии он низ ободу ҳамвор шуданд. Роҳҳои нав рафтуомади мардумро осон намуда, ба симои деҳа ҳусни тоза мебахшанд.

Соли 2024 дар роҳи беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинон боз як иқдоми муҳим амалӣ гардид: бунгоҳи тиббии деҳа (ФАП) аз нав сохта шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва шароити замонавӣ таъмин гардид. Мактаб ва кӯдакистон низ ободу зебо шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас муҳити муносиб фароҳам омадааст.

Симои имрӯзаи Шавгонро бе пешрафти соҳаи хизматрасонӣ тасаввур кардан душвор аст. Мағозаҳои гуногун, толори зебоӣ, сартарошхона, дӯзандахона ва дӯкони гӯштфурӯшӣ ва дигар иншооти ба сокинон хизматрасон ба зиндагии мардум роҳати бештар бахшидаанд. Дар баробари ин, шароити маишии хонаҳои истиқоматӣ беҳтар шуда, таъмини манзилҳо бо оби ошомиданӣ ва насби полоишгоҳҳои об аз ҷумлаи дигаргуниҳои назарраси рӯзгори мардум ба шумор мераванд.

Албатта, паси ҳар як иншооти обод ва ҳар як қадами созанда заҳмати инсонҳо меистад. Дар ин раванд дастгирии давлат, имкониятҳои барномаи «Буҷети кушода» ва саҳми сокинони ташаббускору ватандӯст нақши муҳим доранд. Маҳз ҳамкории давлату ҷомеа ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ заминаи чунин пешрафтҳоро фароҳам меорад.

Дар қатори шахсони фаъолу ташаббускори деҳа метавон аз Саттор Бозоров, Самӣ Тоҳиров, Қаҳрамон Умуров, Бафо Ҷумъаев, Анвар Ҷӯраев, Баҳодур Бозоров, Раҷаббой Мавлонов ва дигар сокинони саҳмгузор бо эҳтиром ёдовар шуд. Заҳмату ташаббуси чунин шахсон нишон медиҳад, ки муҳаббат ба зодгоҳ на танҳо эҳсос, балки масъулият ва амали созанда низ ҳаст.

Аммо Шавгон танҳо бо роҳҳои ҳамвору иншооти нав зебо нест. Бузургтарин сарвати он мардуми сарҷамъу меҳнатдӯст, меҳрубону самимӣ ва ҳамдигарфаҳмии онҳо мебошад. Дар ин ҷо эҳтироми ҳамсоя, дастгирии якдигар ва ҳисси масъулият дар назди ободии маҳалла арзиши хос дорад. Ҳамин рӯҳияи ҳамдилист, ки корҳои хайрро ба натиҷа мерасонанд ва ҳар иқдоми созандаро неру мебахшанд.

Ҷиҳати дигари шоистаи таваҷҷуҳ дар ҳаёти деҳа – муносибати некбинона ба ояндаи насли ҷавон аст. Калонсолон бо дарки он, ки ояндаи ҳар маҳал аз дониш, маърифат ва қобилияти ҷавононаш вобаста аст, барои онҳо шароити мусоиди рушду камолро фароҳам овардаанд. Натиҷаи ин таваҷҷуҳ низ бесамар намондааст: аз миёни ҷавонони деҳа ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ ва намояндагони соҳаҳои гуногун ба камол расида истодаанд. Ин дастовардҳо на танҳо мояи ифтихори падару модарон, балки сарфарозии тамоми аҳли деҳа мебошанд, зеро ободии ҳақиқӣ танҳо дар бунёди роҳу биноҳо нест. Ободии ҳақиқӣ дар тарбияи насли босавод, варзишгарони муваффақ, ҷавонони соҳибкасб ва шахсиятҳои ватандӯст таҷассум меёбад. Насле, ки имрӯз бо дастгирии калонсолон ба камол мерасад, фардо худ идомадиҳандаи корҳои неки ободгарона хоҳад буд.

Лутфия Баҳронова,
вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: