МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ МУХАДДИР ВА ДОРУҲОИ ДОРОИ ТАЪСИРАШ ПУРЗӮР ПЕШГИРӢ КАРДА ШУД

Кормандони Хадамоти давлатии амният дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва гумрук як қатор амалиётҳои махсусро барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва доруҳои дорои таъсираш пурзӯр анҷом доданд.

Дар яке аз гузаргоҳҳои назоратии вилояти Қашқадарё автомашинаи «Кобалт», ки дар самти Қаршӣ-Тошкент ҳаракат мекард, мавриди санҷиш қарор гирифт. Ҳангоми азназаргузаронии сумкаи як мусофир, ки сокини ноҳияи Булоқбошии вилояти Андиҷон мебошад, 5 килограмму 32 грамм ҳашиш дар панҷ баста дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира гардид.
Дар ҳолати дигар маълум шуд, ки як сокини ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро дар қитъаи наздиҳавлигии худ 33 бех растании бангдона парвариш мекардааст. Ҳамчунин аз манзили ӯ 7 килограмму 79 грамм марихуана мусодира шуд.
Дар вилояти Фарғона ҳангоми амалиёти махсус автомашинаи «Ласетти», ки дар хатсайри Андиҷон-Қӯқанд ҳаракат мекард, боздошт гардид. Дар ҷараёни санҷиш аз дохили халтаҳои ду мусофир 1200 дона доруи дорои таъсири қавии «Тропикамид» пайдо шуд.
Ҳамчунин ронандаи автомашинаи «Спарк», ки ҳамроҳи онҳо ҳаракат мекард, дастгир гардид. Аз дигар иштирокчиёни ин фаъолияти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 345 дона «Тропикамид» ва 15 дона «Регапен» ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ашхос доруҳои мазкурро аз Қирғизистон тавассути роҳҳои ғайрирасмӣ ворид намуда, ба фурӯши ғайриқонунии онҳо машғул будаанд.
Айни замон аз рӯйи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: