Дар зиндагии ҳар инсон шахсиятҳое ҳастанд, ки таъсири маънавии онҳо бо гузашти солҳо моҳияти бештар пайдо мекунад.
Адабиётшиноси маъруф, адиб ва рӯзноманигор, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, Корманди шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон Аслиддин Қамарзода, аз ҷумлаи устодоне мебошанд, ки дар хотираҳои айёми донишҷӯӣ ва ташаккули олами маънавии ман нақши босазое доранд.
Воқеан, мо донишҷӯёни бахши суханшиносии донишгоҳи мазкур худро хеле саодатманд мешуморем, ки аз дурахшу ҷилои тафаккури устодони донишманд – Ботурхон Валихоҷаев, Шавкат Шукуров, Раҳим Муқимов, Солеҳҷон Ҳалимов, Аслиддин Қамарзода, Ҳусайн Далилӣ, Мирҷамол Мирҷаъфаров, Рауф Маъруфӣ, Талъат Абдуҷабборов, Раҳмон Эгамбердиев, Амон Воҳидов ва дигарон бархурдор шудему сабақҳои пурбори онҳо то имрӯз раҳнамои зиндагии мост. Омузгорони забардасти фанҳои иҷтимоӣ – Муҳаммадӣ Ҳақбердиев, Облоқул Бозоров, Хуршед Самеъбоев низ дар тарбия ва таълими мо саҳми назаррас доранд. Онҳо на танҳо бо дониши амиқ ва маҳорати таълим, балки бо чеҳраи ҷаззоб, либосҳои шинам, самимияту хоксорӣ намунаи беназири фарҳанги олӣ буданд.
Аз ҷумла, таълими дарсҳои фолклоршиносӣ аз ҷониби устод Аслиддин Қамарзода шахсан барои ман аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ буд. Зеро муаллим фолклорро танҳо чун фанни таълимии муқаррарӣ не, балки ҳамчун хотираи зиндаи мардум, таҷассуми тафаккури миллӣ ва як ҷузъи муҳимми мероси маънавии ҷомеа муаррифӣ мекарданд.
Аз дарсҳои эшон ман тадриҷан ба хулосае омадам, ки эҷодиёти мардумӣ танҳо маҷмӯаи матнҳои шифоҳӣ нест, ривоят, афсона, суруд, мақол, зарбулмасал ва дигар намунаҳои фолклор дар худ осори таърих, ҷаҳонбинӣ, эҳсосот ва таҷрибаи иҷтимоии мардумро ҳифз намудаанд. Маҳз чунин муносибат ба фолклор сабаби таваҷҷуҳи бештари ман ба адабиёт, фарҳанг ва мероси маънавӣ гардидааст.
Фаъолияти илмии профессор Аслиддин Қамарзода дар мавриди омӯзиши эҷо-диёти мардуми Самарқанд аҳаммияти махсус дорад, зеро ин шаҳр бо таърихи қадимии худ на танҳо маркази тамаддун, балки махзани бузурги эҷодиёти шифоҳӣ ва адабӣ аст. Омӯзиш, ҷамъоварӣ ва муаррифии чунин мероси гаронбаҳо барои ҳифзи хотираи фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ муҳим мебошад.
Теъдоди зиёди мақолаҳои илмию оммавӣ, танзиму нашри «Гулдастаи Самарқанд» (1989), маҷмӯаи «Гулистони адаб» (2007), китобҳои «Афсонаҳои Самарқанд» (2012), «Таронаҳои Самарқанд», тазкираи «Мадҳи Самарқанд» (2013), «Донишнома – тазкираи суханварони тоҷики Ӯзбекистони асри ХХ – ибтидои асри XXI», тарҷумаи асари олими маъруф – Расул Ҳодизода «Самарқанднома» ва дигар таълифоти арзишманд паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва адабии устодро нишон медиҳанд.
Муносибати самимӣ нисбати шогирдон паҳлуи дигари хислатҳои наҷиби муаллим аст. Яке аз хотираҳои нек мақолаи устод роҷеъ ба фаъолияти эҷодии ман дар саҳифаи маҷаллаи бонуфузи «Бонувони Тоҷикистон» аст. Дар ин навишта ба унвони «Баҳор – насими зебои Самарқанд» Қамарзода бо меҳри бениҳоят ба фаъолияти ман баҳои аз асл бештарро сазовор донистаанд. Вақте устод дар бораи шогирдаш менависад, ин муаррифии фаъолияти як нафар нест, балки эътимод ба рисолати шогирд аст. Аз ин ҷиҳат, мақолаи мазкур барои ман на танҳо дастгирии маънавӣ, балки таҷассуми мушоҳида ва бовари муаллим мебошад.
Соли 2019 ба хотири падарам китоберо бо номи «Ёди падари омӯзгор» таҳия намудам, ки устод муҳаррири масъул, муаллифи пешгуфтор ва яке аз навиштаҳое буданд, ки он қаблан дар рӯзномаи «Овози тоҷик» 15-уми июни соли 2009 нашр шуда буд. Мақолаи «Бахти Абдуқодир муаллим» роҷеъ ба дарсҳои пурмазмуни падарам, муносибатҳои самимонаи устоду шогирд аст, ки Аслиддин Қамарзода бо камоли эҳтиром ёдовар мешаванд. Ба маврид аст, қайд кунам, ки ин мақола дар вақти барҳаёт будани падари азиз – устоди Аслиддин Қамарзода навишта шуда буд ва падар шахсан ба эшон сипосгузорӣ карда буданд. Ба ин маънӣ, ҳозирҷавобӣ дар навиштани китобу мақолаҳо ва ғайрату кӯшиши беандоза дар ин бобат ҳам аз хислатҳои хосу неки муаллим аст.
Боз як лаҳзаи ғамангези зиндагӣ аз пеши назар мегузарад, ки он ифодагари дили ҳассос, қадршиносӣ ва бузургии устод аст. Соли 2020, ҳангоми бемории «Covid» ногаҳон аз бародари азизам – Баҳодурҷон ҷудо шуда дар ҳолати изтиробу азияти тасвирнопазир қарор доштам. Он рӯзҳо устод дар сафари Амрико буданд. Бо вуҷуди ин аз он сӯйи уқёнус бо суханҳои тасаллибахш марсияи таъсиргузоре иншо намуданд. Баъди бозгашт чандин бор бо дилпурсӣ ба ҳавлии бародарам омаданд, ки гувоҳи шахсияти воло ва дили бузурги устод аст.
Устоди азизро бо таҷлили 85-умин солгарди муборакашон табрик гуфта, барои муҳаббат нисбати арзишҳои фарҳангӣ, суҳбатҳои пурмазмун, самимият ва эътимод сипоси беандозаи хешро аз номи шогирдони бешуморашон изҳор менамоям. Рӯзҳои саршори хушбахтиву комёбӣ саломатии пойдор дар роҳи илму эҷод насибашон бод!
Баҳор ХУРРАМЗОД,
доктори фалсафа доир ба фанҳои
санъатшиносӣ.