Дабдаба барои кист?

Барои хушбахтии фарзанд тӯйи бодабдаба барпо мекунем ё барои худнамоӣ?

Алҳол дар ҷомеаи мо ба баргузор кардани суру сурур ва маъракаҳо  аҳаммияти зиёд медиҳанд. Баъзеҳо ҳатто неъматҳоеро, ки худ ҳаргиз нахӯрдаанду нанӯшидаанд, дар ин рӯз ба мардум пешкаш мекунанд. Гӯё арзиши инсон ва обрӯйи оила бино ба миқдори меҳмонон, дасторхони пур аз нозу неъмат, либосҳои гаронбаҳо ва ҷиҳози арӯс муайян мешавад.
Барои духтар чандин кӯрпаву болишт, қолину палос ва дигар ҷиҳози хона омода мекунанд. Барои ин модар аз хӯрдани худу аҳли оила сарфа мекунад, падар шабу рӯз меҳнат карда, пул ҷамъ меоварад, то дар назди хешу табор ва ҳамсояҳо забонкӯтоҳ набошанд.
Аммо мо бояд аз гапи мардум наҳаросем, ояндаи фарзандонамонро фикр кунем.
Кӣ кафолат медиҳад, ки ин қадар кӯрпаву болишт ва ғайра зиндагии духтарро хушу осуда мекунанд? Оё дасторхони пур аз неъмат метавонад ҷойи илму дониш, касбу ҳунар ва омодагии равониро бигирад?
Мутаассифона, баъзан падар ба фикри пулёбӣ барои хароҷоти тӯй, модар пайи ҷамъ кардани ҷиҳозу омода кардани тахти арӯсӣ – худи духтар ё писарро фаромӯш мекунанд, намепурсанд, ки фарзандон чӣ мехоҳанд, чӣ орзу доранд...
Чун духтар мактабро хатм кард, фавран аз пайи ба шавҳар додани ӯ мешаванд. Барои писари мактабро хатмкарда, зуд арӯс меҷӯянд.
Гӯё вазифаи асосии падару модар духтарро ба шавҳар додан,  писарро хонадор кардан бошад.
Барои таҳсилро идома додан, соҳиби касб шудан, ҳунареро омӯхтану  зиндагии мустақилонаро ёд додани онҳо саъй намекунанд.
Чаро ҷойи он ки бигӯем: «Биё, фарзанд, аввал дониш омӯз, соҳиби касбу ҳунар шав, пойи худро дар зиндагӣ устувор кун ва баъд дар бораи оила андеша намо», саросемавор ба созмон додани тӯй мегузарем?
Ба андешаи ман, агар пас аз хатми мактаб ба духтару писар имконият диҳем, то онҳо таҳсилро идома диҳанд, касбу ҳунар омӯзанд, таҷрибаи зиндагӣ андӯзанд ва барои ояндаи худ нақша созанд, басо беҳтару созгортар аст.
Албатта, бо дертар издивоҷ кардан, ҳатман, ҳама мушкилоти оилавӣ аз байн намераванд. Аммо омодагии беҳтар, мустақилияти бештар ва интихоби огоҳона метавонанд ба устувории оила мусоидат кунанд.
Оё дабдабаи маърака аз хушбахтии фарзанд муҳимтар аст? Албатта, не.
Баъзан оила барои бо карру фар гузаронидани он қарздор мешавад. Солҳо заҳмат мекашанд, маблағ ҷамъ мекунанд ва ҳатто аз ниёзҳои аввалиндараҷаи худ мегузаранд, то ки як рӯз дар назди мардум «сарбаланд» бошанд.
Аммо пас аз маърака қарзу хароҷот мемонад ва мушкилоти зиндагӣ низ аз байн намераванд.
Оё беҳтар нест, ки суру арӯсӣ ба андозаи имконияти оила гузаронида шавад? Маъракаи хоксорона низ метавонад пур аз меҳру муҳаббат, дуои нек ва шодии самимӣ бошад. Зеро хушбахтии оила аз дабдабаи якрӯза вобаста нест. Муҳим он аст, ки баъди он ду инсон бо бовар ба фардои пурсаодат ва масъулиятшиносӣ зиндагии муштараки худро оғоз кунанд.
Бигзор, ҳама гуна маъракаи мо на барои намоиш додани дороӣ, балки барои оғози зиндагии хуби фарзандонамон равона шавад.
 
Хушбахтҷон Бобеков,
омӯзгори синфҳои
 ибтидоии мактаби
рақами 11-уми
ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: