Лоиҳаи истиқболнок ва пуриқтидор

Дар кишвари мо аз барқи табиӣ – энергияи «сабз» оқилона истифода мебаранд. Зеро ин намуди барқ ҳам босифат асту ҳам камхарҷ. Яке аз лоиҳаҳои истиқболнок ва пуриқтидор, ки аз ҷониби Иншооти обию барқии Тӯпаланги ноҳияи Сариосиё амалӣ мегардад, неругоҳи барқи обии хурди Зарчоб-3 мебошад, ки дар соҳили дарёи Тӯпаланг қад афрохта, 16 МВт иқтидор дорад ва соле 70 млн кВ/соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.

17 ноябри соли 2023 Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба вилоят ба сохтмони неругоҳи барқи обии Зарчоб-3 оғоз бахшида буд. Сохтмони неругоҳ дар муддати хеле кӯтоҳ ба анҷом расида, ба истифода дода шуд. 
Ҳоло иншооти обию барқии Зарчоб-3 истеҳсоли қувваи барқро тариқи санҷиш ба роҳ мондааст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки ин лоиҳа дар таърихи мамлакатамон аҳамияти ба худ хос дорад. Зеро аз як шохоби дарё дар асоси «пасупешии занҷирӣ» гаштаву баргашта қувваи барқ истеҳсол мегардад. 
 
Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: