Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми газидани хомӯшак

Одатан дар рӯзҳои гарм аз газидани хомӯшакҳо азият мекашем. Дар чунин ҳолатҳо ба ҷойи газидаи онҳо сирпиёзро кӯфта гузоштан ё содаи истеъмолиро бо каме об омехта, ба пӯст молидан натиҷаи хуб медиҳад. Ҳамчунин, ин зараркунандаҳо аз бӯйи тез низ дурӣ меҷӯянд. Ин аст, ки бибиҷонҳои мо дар гармои тобистон дар чаккаи сар шохчаҳои пудинаву райҳонро мебастанд.

Ҳангоми чиллаширӣ (кам шудани иштиҳо)

Агар дар организми инсон витамини В кам шавад, чиллаширӣ, яъне лоғаршавӣ ва кам шудани иштиҳо ба вуҷуд меояд. Ин метавонад боиси пайдоиши бемориҳои вазнин гардад. Барои пешгирии ин ҳолат, пеш аз ҳама, бояд бештар ғизоҳои аз донагиҳо тайёршударо, ки дар таркиби худ витамини зиёди В доранд, истеъмол кард. Нӯшидани дамкардаи ҳуртумон (овёс), истеъмоли нони ҷав низ фоидаовар аст. Дар гӯшти тару тозаи гӯсфанд низ витамини В мавҷуд аст.

Дамкардаи бӯйимодарон низ, ки аз гиёҳҳои шифобахш ба шумор меравад, дар ин ҳолат муфид мебошад. Барои тайёр кардан аз қисми рӯйизаминии гиёҳ 1 қошуқ гирифта, дар 1 истикон об меҷӯшонанд ва дам медиҳанд. Баъд аз дока мегузаронанд ва ҳар рӯз пеш аз хӯрок 1 қошуқӣ менӯшанд.

Ҳангоми захм бардоштан

Баргҳои шутурпай (оққалдирмоқ) барои марҳами захмҳо кӯмак мекунад.

Ҳангоми шабкӯрӣ

Шабкӯрӣ (сиёҳкӯрӣ) бо суст шудани қобилияти биноӣ дар торикӣ тавсиф мешавад. Гоҳо ин ҳолат дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо ё дар организм норасоии шадиди ягон модда ба вуҷуд меояд. Дар аксар маврид норасоии витамини А низ сабаби пайдоиши шабкӯрӣ мегардад.

Дар тибби мардумӣ ҷигари бузро гирифта, майда карда, обашро ҷудо мекунанд ва ба он каме мурч илова намуда, ба чашм мемоланд. Ин муолиҷа  шабкӯриро даво хоҳад шуд.

Ҳангоми шамолхӯрӣ

Аз гули зерфун (липа, жӯка) 1-2 қошуқча гирифта, дар як истикон оби ҷӯшон дам мекунанд ва бегоҳ пеш аз хоб гарм-гарм менӯшанд. Бо ин дамкарда даҳонро низ чайқондан мумкин аст.

Ҳангоми шақиқа (мигрень)

Шираи ҳулбӯ (пудина) барои шақиқа ва зардпарвин муфид маҳсуб меёбад.

Ҳангоми дамидани доначаҳои сурх (ширинча)

Решаи гули тоҷи хурӯсро кӯфта, ба ҷойҳое, ки шукуфа дамидааст, мемоланд.

Ҳангоми пайдо шудани обила

Обилаҳои пой одатан аз соиши тӯлонии пӯсти пой ба чарми пойафзол ба вуҷуд меоянд. Фишурдан ва моеъи даруни чунин обилаҳоро баровардан мумкин нест. Агар обила худ аз худ кафад, ҷойи онро бо воситаҳои антисептик тоза карда, бо докаи тамизшуда бандед. Ба обилаҳое, ки осеб надидаанд, часпонидани пластири махсус кофист.

Барои бартараф кардани варами обила

Агар бӯйимодаронро якҷо бо беҳӣ пухта, болои захм гузоред, обилаҳои калонро ҳам шифо мебахшад.
 

(Давом дорад).

Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,

А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: