Ўзбекистон ва АМА ният доранд ҳамкории инвеститсиониро мустаҳкам кунанд

16 апрелии соли ҷорӣ вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ўзбекистон Лазиз Қудратов бо ҳайати Аморати Муттаҳидаи Араб таҳти роҳбарии вазири энергетика ва инфрасохтори ин кишвар Суҳайл Муҳаммад ал-Мазруӣ мулоқот анҷом дод.

Ҷанбаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҷорӣ ва самтҳои асосии рушди минбаъдаи ҳамкориҳои сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ ҷонибҳо формати ҳамкории минбаъдаро таҳия намуданд. Марҳилаҳои асосии корҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук ва маъдан, мошинсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ, кишоварзӣ, маориф, нақлиёт ва логистика, инчунин беҳбуди инфрасохтор дар минтақаҳо мувофиқа карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: