Президенти Ӯзбекистон аз намоишгоҳи дастовардҳои илму техникии Эрон дидан кард

  • Президенти Ӯзбекистон аз намоишгоҳи дастовардҳои илму техникии Эрон дидан кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз намоишгоҳи махсуси инноватсия ва технологияҳо, ки дар Теҳрон кушода шуд, дидан кард.

Сарвари давлатро Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои бузурги илмию истеҳсолии Эрон дар соҳаҳои фанновариҳои баланд ва инноватсия, мошинсозӣ, асбобсозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, дорусозӣ, масолеҳи муосири сохтмонӣ, саноати нассоҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Роҳбари Ӯзбекистон девораҳои намоишии онҳоро аз назар гузаронд. Намояндагони саноати Эрон навтарин дастовардҳои худро дар тавлиди турбинаҳои мухталиф, доруҳо ва ҷузъҳои онҳо, таҷҳизоти тиббӣ, катализаторҳои нафтӣ ва нассоҷии сунъӣ намоиш доданд. Сарвари давлати мо бо роҳбарони ширкатҳо суҳбат карда, бо тақдимоти технологияҳои нав шинос шуд. Дар поёни боздид аз намоишгоҳ ба масъулини ҷониби Ӯзбекистон дастур дода шуд, ки имконоти таъсиси корхонаҳои муштаракро барои тавлиди маҳсулоти дорои арзиши иловашуда, татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои эронӣ ва ҳалли инноватсионӣ дар Ӯзбекистон омӯзанд.

Қобили зикр аст, ки дар Тошканд ифтитоҳи филиали Хонаи инноватсия ва технологияи Эрон (IHIT) баргузор шуд. Фаъолияти он ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва самарабахши ду кишвар дар соҳаи технологияҳои инноватсионӣ ва интиқоли коркардҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: