Ӯзбекистон ба 14 кишвари ҷаҳон тарбуз содир кард

Дар нимсолаи аввали соли 2023 Ӯзбекистон ба 14 кишвари ҷаҳон 6,5 ҳазор тонна тарбуз содир кард. Аз ҷумла, қариб ҳазор тонна ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо фиристода шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, арзиши умумии содироти тарбуз 3 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти тарбуз 1,8 ҳазор тонна зиёд шудааст.

Талаботи бештар ба зироатҳои полезии кишоварзони ӯзбек дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия мушоҳида мешавад.

2 ҳазор тонна ба Қазоқистону Қирғизистон фиристода шуда, Русия 1,5 ҳазор тонна тарбуз харид. Илова бар ин, имсол ба кишварҳое, ки бештари тарбузҳо содир мешаванд, Латвия (500 тонна), Литва (135 тонна), Олмон (115 тонна) ва Беларус (34 тонна) илова карда шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: