СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН – 2030» ДАР ОЛМОН МУАРРИФӢ ГАРДИД

Дар сафоратамон дар Берлин «мизи мудаввар» бахшида ба Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» баргузор гардид.

Ин ҳуҷҷати барномавӣ аз ҷониби директори иҷрогари Маркази «Стратегияи рушд» Элдор Тулаков муаррифӣ гардид.

 

Дар тақдимоти он таъкид шуд, ки Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ҳуҷҷате мебошад, ки 100 мақсади муҳимро бинобар панҷ самти бартаринок, ки ба рушди мамлакатамон хидмат менамояд, таҷассум месозад. Бинобар тамоми мақсад ва вазифаҳои бартаринок, ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон ба давраи мазкур гузошта шудааст, маълумоти пурра дода шуд.
Дар поёни «мизи мудаввар» коршиносони немис бо хабарнигори АИ «Дунё» фикрашонро баҳам диданд:
Роҳбари лоиҳаҳо дар Осиё, сарпарасти дафтари Фонди IRZ-и Берлин Ангела ШМАЙНК:
– Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон қабул шудааст, ҳуҷҷате мебошад, ки шоистаи таҳсин. Дар Олмон барномаҳои гуногуни давлатӣ вуҷуд доранд, аммо чунин барномае, ки сад мақсадро муттаҳид созад, вуҷуд надорад. Маҳаки муҳими стратегия аз он иборат аст, ки бисёр соҳаҳои муҳимро фаро гирифта, дар ҳар як соҳа мақсадҳои мушаххас муайян карда шудааст, ки онҳо ба манфиати мардум хидмат менамоянд.Мо хеле хушҳолем, ки дар дарёфти мақсадҳои стратегияи мазкур саҳмгузорем.
Узви раёсати Иттиҳоди журналистони сайёҳи «CTOUR Touristic Forum», хабарнигори нашрияи онлайни «Reisezeiten» Роланд КОЙШ:
– Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки аз ҷониби коршиносони Ӯзбекистон тақдим гардид, барои ман хеле аҷиб буд, зеро ман чун журналист ба қарибӣ дар Самарқанд будам ва дар равшан намудани сессияи 25-уми Ассамблеяи генералии ЮНВТО иштирок намудам. Ман имкон доштам, ки бо мамлакати аҷиби шумо ва меҳмоннавозии мардуматон шинос гардам. Стратегия бо он ҷолиб аст, ки барои рушди Ӯзбекистон дар ояндаи наздик мақсадҳои бузург мегузорад. Мо донистем, ки дар ҳуҷҷати мазкур ба ғайр аз масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, дар навбати аввал чунин мақсадҳои мушаххас, мисли баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум, мустаҳкам намудани муносиботи некҳамсоягӣ дар сиёсати хориҷӣ, хусусан рушди алоқаҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва Олмон муайян гаштаанд.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Diplomatisches Maga-zin» Мари ВИЛДЕРМАНН:
– Ҳоло коршиносон ба мо Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро муаррифӣ намуданд ва ин барнома дар ман таассуроти калон гузошт. Зеро ки дар он мақсадҳои дақиқ гузошта шудааст, ки ояндаи дурахшони Ӯзбекистонро муайян месозанд. Вазифаи ояндаи калон – мақсадҳоро ба халқ расондан ва  таъмин намудани татбиқи онҳост.

АИ «Дунё»,
ш. БЕРЛИН.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: