Қисми навбатии доруҳои зидди гепатити С аз Миср ба Ӯзбекистон оварда шуд

17 июни соли равон ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» қисми навбатии доруи зидди гепатит «С» «Даклатасвир»-ро аз Шарм аш-Шайх ба Тошканд ҳамчун кумаки инсонпарварона аз ҷониби ҳукумати Миср ба кишвари мо бепул интиқол дод.

Дар маҷмӯъ зиёда аз 12 ҳазор доруи «Даклатасвир» ба беморон аз ҷониби Институти тадқиқотии вирусалогияи назди Вазорати тандурустии Ӯзбекистон тақсим карда мешавад.

Ба фикри мутахассисон, ҳукумати Миср барои ноил шудан ба ин дастовардҳо барномаи миллии «100 миллион ҳаёти солим»-ро таҳия кардааст ва онро бомуваффақият амалӣ мекунад. Дар ин таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳандозӣ ва густариши ҳамкории наздик бо ширкатҳои машҳури фарматсевтии ҷаҳон равона шудааст.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: