АСКАРИ ӮЗБЕК, КИ МАҒЛУБИЯТ ВА ПИРӮЗИҲОРО ДИДААСТ

Иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Анорқул Ҳотамов – ҳамватани мо, ки дар ҷангҳои Берлин иштирок дошт, парчами сафед бардоштани фашистонро дидааст.

Иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон Анорқул Ҳотамов – ҳамватани мо, ки дар ҷангҳои Берлин иштирок дошт, парчами сафед бардоштани фашистонро дидааст.

– Ҳангоме ки маро аз ноҳияи Пискенти вилояти Тошканд ба фронт даъват карданд, ҳамагӣ 20 сол доштам, – мегӯяд собиқадори ҷанг. – Ман савориро дӯст медоштам. Мо 200 нафарро интихоб карда, ба ҳар кадомамон аспе доданд ва ба дивизияи савора тайёр намуданд. Моҳи декабри соли 1941 ба Чимкент омадем. Аз он ҷо моро аввал ба Ворошиловград, сипас ба Донетск, баъдан бошад, ба Белорус равона карданд. Панҷ моҳ тайёрии ҳарбиро гузаштем. Ба набардҳо дар ҳайати бригадаи 33-юми танкии фронти 2-юми Белорус иштирок кардем. 
Мувофиқи маълумотҳо, ҳангоми Ҷанги дуюми ҷаҳон ба шарофати амалиётҳои фронти 2-юми Белорус таҳти сарфармондиҳии маршал К. Рокоссовский дар ҷанг гардиши куллӣ ба амал омадааст. Дар ин қисми ҳарбӣ баробари Анорқул Ҳотамов боз садҳо нафар ҷавонони ӯзбекистонӣ қаҳрамонӣ зоҳир кардаанд. 
– Ситоди дивизияе, ки ман дар он хидмат мекардам, моҳи июни соли 1942 дар бешазори Белорус ҷойгир буд, – идома медиҳад А. Ҳотамов. – Ногаҳон душман ҳуҷуми ҳавоиро оғоз кард, дар натиҷаи он бисёр аскарони мо ҳалок шуданд. Дивизияро зарур омад, ки ақибнишинӣ кунад. Баъд зимистон сар шуд, дар фронт вазъияти душвор ба миён омад. Ҷанговароне, ки дар хандакҳо қарор доштанд, аз тири душман ҳалок мешуданд. Ҳар рӯз аз субҳ то шом ин ҳолат давом мекард. Имрӯз агар дар шафати ту ҳамяроқат бошад, рӯзи дигар ӯро намедидӣ... Мо як бурда нон, як дақиқаи оромиро орзу мекардем. 
Баъд аз чанд рӯз дар тамоми фронт ҳамлаи мо оғоз ёфт. Мо пеш рафтем. Заминҳои Белорус, Украина, ҷумҳуриҳои назди Балтикаро озод кардем, сипас дар набардҳои озодкунии Полша ва Чехословакия иштирок намудем. Артиши немисҳо дар тамоми фронт ақибнишинӣ мекард. Баъдан амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Олмон давом карданд. Баҳори соли 1945 ҷангҳо барои Берлин оғоз ёфтанд. Моҳи май Берлин фатҳ карда шуд.
... Ғалаба! Анорқул Ҳотамов ашки шодӣ мерехт. Ҷанговарон пирӯзиро бо тирпарронӣ ба ҳаво ва оғӯшгирии якдигар қайд менамуданд. Ба Анорқул Ҳотамов дидани ин дақиқаҳои хушнудӣ муяссар шудааст. 
Баъди бозгашт аз ҷанг қаҳрамонписари ӯзбек бо мукофотҳои олӣ – ордени дараҷаи дуюми Ҷанги ватанӣ, медалҳои «Барои ишғоли Берлин», «Барои ғалаба бар Олмон дар Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои шуҷоат», «Барои хидматҳои ҳарбӣ» қадр карда шуд. 
Солҳои баъдиҷангӣ А. Ҳотамов дар деҳаи Чимқӯрғони ноҳияи Пискент ҳамчун ронанда кор кард. Алҳол ӯ 96 сол дорад. Вай бо ҳамсараш ҳафт писар ва ду духтарро тарбия карданд. 
– Анорқул Ҳотамов ва собиқадорони дигари ҷанг ифтихори вилояти мо мебошанд, – мегӯяд роҳбари хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд Беҳзод Қобулов. – Мо вазифадорем нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем, ҳурматашонро ба ҷой оварем. Бояд зикр сохт, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон эътибори зиёд дода мешавад. Чунончи, 30 марти соли равон Фармони Президент «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон» эълон шуд, ки мувофиқи он ба ширкаткунандагон ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳаҷми даҳ миллион сӯм мукофоти якдафъинаи пулӣ дода мешавад. 

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
 хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: