ХОТИРОТ ДАР БОРАИ УСТОД АЙНӢ

Маълум, ки устод Айнӣ (чун дигар аҳли қалами он давр) аввалин асарҳои худро бо алифбои арабиасоси тоҷикӣ (аз ҷумла “Одина”-ро) навиштааст. Соли 1929 ислоҳоти алифбо рӯйи кор омад ва то соли 1939 алифбои лотиниасоси тоҷикӣ амал намуд.

“Мактаби кӯҳна”, “Дохунда” ва баъзе асарҳои дигари устод бо лотинӣ нашр шуданд. Аз 1 июни соли 1940 матбуоти даврӣ ба кирил гузашт ва оиди то 1 сентябри соли 1941 ба алифбои нави тоҷикӣ (кирил) гузаштани ҳамаи корҳои марбут аз алифбои лотинӣ қарор ба имзо расид.
Устод Айнӣ, вақте ба бознашри асарҳояш зарурат пайдо гашт, лозим донист аз “мошиннавис” истифода ва ба ин кор чопкунандаҳои бомаҳоратро ҷалб созад, ки бо кирил зуду бехато менависанд. Дар ибтидои солҳои панҷоҳум яке аз дӯстонаш Темур Маъруфӣ Қурбоной ном духтареро тавсия намуд, ки аслан самарқандӣ буда, бинобар тақозои шароити оилавӣ муддате дар Сурхондарё зистааст, баъди бозгашт ба зодгоҳ дар рӯзномаи вилоятии “Ленин йӯли” ба сифати мусаҳҳеҳ адои вазифа намудааст.
Қурбоной чаҳор сол ба ҳавлии устод дар Самарқанд равуо кард, ҳамчун мошиннависи доимӣ дар рӯйбардорсозии асарҳояш кумак намуд, бо Айнӣ ва аҳли хонадони ӯ ҳамнамак шуд ва риштаҳои меҳру оқибатро бо онҳо мустаҳкам намуд.
Ба наздикӣ Хонаи табъу нашри “Маҳорат”-и Самарқанд китобчаеро бо унвони “Шуълаи ҷовидон” аз чоп баровард. Муаллиф ҳамон чопгар – Қурбоной Убайдуллоева, ки чаҳор сол “узви хонадони устод” буду “камоли ҳамнишин бар вай асар кард” – мусаҳҳеҳи оддӣ то дараҷаи нависандагӣ расид, китобҳо (“Қадри муҳаббат”, “Асрори суруд”) баровард, ба узвияти иттифоқҳои нависандагон ва журналистони Ӯзбекистон пазируфта шуд.
Солҳои 90-ум муқаддам ёддоштҳои Қ. Убайдуллоева “Шуълаи ҷовидон” дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» рӯйи чоп дида буд. Сармуҳаррири онвақтаи “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (“Овози тоҷик”) Шавкат Ниёзов (равонаш шод бод) аз шоир Паймон хоҳиш намуд ин маводи ҷолиб марбут ба фаъолияти устодро ба тоҷикӣ баргардонад. Ин амал иҷро ва хотираҳо дар рӯзномаи мо ба чоп расиданд. Аз байн солҳо гузаштанд ва дар ин рӯзҳо имконият даст дод ёддоштҳои Убайдуллоева  оиди шахсияту фаъолияти эҷодии Айнӣ (устод ӯро дар қатори духтаронаш Холида ва Лутфия мешумурд) дар ҳолати китоб ба дасти хонандагон расад.
Инак,он китоб, ки аз саҳифаҳои аввал диққати хонандаро ба худ мекашад, ҳоло дар дасти мо. Муаллиф лаҳзаҳои ҳаяҷономези бори аввал ба ҳавлии устод, ба дарвозаи сурхранги ӯ наздик шудан, аввал ба чаҳор сӯ назар давонда аз дари кушода оҳиста ба дарун назар афканданашро шевою зебо ба қалам медиҳад. Мехонем ва ҳавлии кӯчаки пур аз гулро тасаввур мекунем, дар пешорӯйи хонаҳои тарафи рост суфаи аз хишт бардошташуда,  атрофи суфа ва гирдогирди саҳни ҳавлӣ аз гулҳои рангоранг, райҳонзори каб-кабуду сабзаҳои мухталиф манзараи аҷибе кашф кардааст...
Воқеан аз дилкашиву оростагии ҳавлии устод дигар ҳамзамонҳояш низ, ки ба он даргоҳ зуд-зуд қадам ранҷа мекарданд, нақлҳои ҷолиб намудаанд.
Баъд муаллиф ба тасвири “портрет”-и устод ва ба чӣ коре машғул будани ӯ мегузарад: “Мӯйсафеди бардаме, ки дар бар аз болои шиму кители нилобӣ ҷомаи симобии пахтагин,дар по маҳсии оҳораш рафта, дар сар тоқии аз бахмали сабз дӯхташуда дошт, дар ҳавои мусиқии ҳазине, ки аз радио садо медод, сар афшонда ба гулҳо аз кӯзачаи мисин об мерехт. Вай миёнақад, васеъпешонӣ ва серҳаракат буд”.
Устод мошиннависи дӯсташ пешниҳодкардаро самимона қабул ва ҷониби ҳамсараш, ки дар ҳавлии дарун буд, садо намуд: “Холааш,бароед!..”
Тавре муаллиф нақл мекунад, аз ҳавлии дарун зани хушсурати миёнақад, сергӯшт ва тақрибан панҷоҳсола баромада, бо меҳмон, гӯё ба дидори духтараш расида бошад, ширин-ширин пурсупос намуд ва ба дарун даъват кард.
Одатан аз вохӯрӣ ба шахсияти маъруф касро ҳарос фаро мегирад. Дигаргуна инсон тасаввур мекунад ӯро. Ба Қурбоной низ ин ҳолат шуд. Вале асное устод нигоҳи меҳромез дӯхт, аз таҳсил, омодагиаш ба имтиҳонот, аҳволи падару модараш пурсид, духтарак худро андак далер ҳис кард. Муаллиф навиштааст: “Дар як дам хаёлҳои пешинаам дар бораи устод ва аҳли хонаводаи ӯ пош хӯрданд. Зеро дар рӯ ба рӯи ман ба ҷойи алломаи машҳур, нависандаи бузург, инсони сахтгиру якқавл ва оне, ки танҳо аз шунидани номаш дасту по гум мекардам, шахсе меистод, ки меҳрубону нармдил ва хоксору фурӯтан буд”.
Мошиннавис дар хонаи кории устод аз пайи иҷрои вазифа шуд. Дар ин хонаи на он қадар калону рӯшан ғайр аз мизи мошиннависӣ боз як мизи ғаладонаш бузург, ду-се курсича, диван, се-чаҳор курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ гузошта шуда буд. Қурбоной бо Раҳим Ҳошим, ки аз шогирдони сазовори Айнӣ буд, ҳамроҳ кор мекарданд. Одатан шуғл субҳи бармаҳал оғоз меёфт – устод таъкид мекард кор ҳар қадар барвақттар сар шавад, ҳамон қадар босамар ва хушсифат мегардад, ба замми ин касро хаста намекунад, баръакс нерӯву кайфияти хуб мебахшад.
Ҳар вақт дарвоза боз буду вақте Қурбоной даромада омад, устодро дар ҳавлии берун ва дарун, албатта, бо коре банд медид. Бузургвор, ки ҳамеша ба тартиби қатъӣ риоя менамуд, кори ҷисмониро “кори дилкушо, илҳомбахш ва тарбияи бадан” меҳисобид.
Бо вуҷуди серкорӣ вақт ёфта, Айниву Раҳим Ҳошим байтбарак мекарданд, китоби хотираҳои талху ширинро варақ мезаданд.
Ба хонадон аз шаҳрҳои гуногуни Иттиҳод ва мамолики хориҷ меҳмонҳо меомаданд, ки қариб ҳама аҳли илм ва қалам буданд. Дидор бо онҳо Қурбонойро низ хуш меомад, аз байнашон вай профессор Абдураҳмон Саъдӣ, шоирони академик Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, адибону олимон Фотеҳ Ниёзӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Воҳид Абдулло, Ғанӣ Абдулло, Раҳим Муқимов, Абдусалом Деҳотӣ, Мардонқул Муҳаммадқулов, Темур Маъруфӣ ва Ориф Икромовро хуб мешинохт.
Устод бемории диққи нафас дошт, вале ҳеҷ вақт аз хастагӣ лаб намекушод, худро ба адёл печонда корро давом медод. Қурбонойу Р. Ҳошим саъй мекарданд ба осоиштагӣ риоя созанд, дару тирезаҳоро мебастанд, то чиқ-чиқи мошинка ба устод халал нарасонад. Вале бузургвор ворид мешуд ва мутоибаомез мегуфт, Қурбоной, дар гармои нафасгардон чаро тирезаҳоро баста мондед? Ҳини касалӣ мағалу шӯр ва овози баландро хуш накунам ҳам, «чиқ-чиқ»-и мошинка ба ман халал намерасонад, баръакс он гувоҳи идома ёфтани кори ман, далели хуб будани ҳолу аҳволи ман аст, бемалол кор кардан гиред.
Қурбоной хост ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ ҳуҷҷат супорад. Айнӣ гуфт: “Таҳсили ғоибона маънои мустақилона илм омӯхтанро дорад. Бинобар шароите, ки ҳоло шумо доред, метарсам, ки илмомӯзиатон ба номаш шуда монад. Мақсад аз хондан коре карда диплом гирифтан нест, балки соҳиби илм шудан аст. Ҳамин тавр не? Беҳтараш рӯзона хонед”.
Ин панди устод ҳануз аҳамияти худро гум накардааст...
“Шуълаи ҷовидон” як китоби кӯчак, ки муаллифаш соли 2012 вафот кардааст. Вале фикр мекунем маънои як китоби бузург дар он муҷассам. Гӯё ба хонаи файзбори Айнӣ ворид шуда ва аз пандҳояш баҳра мебаред. Хостам дар бораи ба чоп расидани хотираҳои як зани некдил, ки кӣ будани бузугворро дигарбора ба ёд мерасонад, хабарча нависам. Вале нуқта гузоштан душвор гашт. Ба ношир Асадуллоҳ, соҳибкори саховатманд Муродака Мақсудов барои ин кори хайр сад ташаккур. Бародари ҳамқалами мо устод Паймон хотираҳоро салис ва равон тарҷума ва барои чопи хушсифати «Шуълаи ҷовидон» заҳмат кашидааст. Арвоҳи устоди бузургвор ва адибаи хотиранигор шод бодо!

М. ШОДИЕВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: