ЁДИ ВАТАН ҚУВВАТИ ДИЛ АСТ...

Ҳоло дар Ӯзбекистон доир ба рушди мактабу маориф ва тарбияи ашхоси ватандӯсту соҳибилм зиёд мегӯянд.

Ҳоло дар Ӯзбекистон доир ба рушди мактабу маориф ва тарбияи ашхоси ватандӯсту соҳибилм зиёд мегӯянд. Дар ин бобат тасмим гирифтем назари шахсеро бигирем, ки дар чанд низоми таълим фаъолият доштааст. Мусоҳиби  мо Луқмон Бойматов – муаррих-шарқшинос, нависанда, мутарҷим ва мунаққиди тоҷик, барандаи ҷоизаи “Қалами булӯрин”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Луқмон Бойматов муаллифи чандин  китобу рисолаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ аз қабили «Шӯpиши Маҳмуди Тоpобӣ», «Аз Темурмалик чӣ медонем?», «Сегонаи мутаҳҳар», «Спитамон», «Инқилоби исломӣ аз дидгоҳи муҳаққиқони шӯравӣ», «Қиёми Маҳмуди Торобӣ», «Фурӯғи ишқ» ва ғайра мебошад.
Луқмон Бойматовро дар ҷаҳони форсизабонон чун нависанда низ мешиносанд. Китоби ӯ бо номи «Фиребхӯрдагонем», ки асари фалсафӣ ва ирфонист, дар Эрон дар кӯтоҳтарин муддат се маротиба ба чоп расидааст. Ҳоло ӯ муқими Шветсия мебошад.

– Дар як рӯзи муқаррарӣ шумо бо чӣ машғул мешавед?
– Бо дуруду сипос ба Шумо ва ҳаводорони «Овози тоҷик»! Зоҳиран, рӯзҳо яксону шабеҳи ҳаманд. Аммо воқеъият ин аст, ки ҳар рӯз армуғони хешро дорад ва рӯзе нест, ки шабеҳи рӯзи дигар бошад. Саҳархезӣ ва варзишу пиёдагардии қабл аз субҳона, кори маъмулиам аст. Боқии кор идома додани корҳои рӯзи қабланд. Шуғли аслии ман анҷоми пажӯҳиш рӯйи таърихи миллати тоҷик аст. Дар самтҳо ва мавзӯъоти мухталиф машғули корам. Дар ҳоли ҳозир ба таҳияи китоби муфассалу ҷомеъам «Назҳатҳои зиддимуғулӣ дар Мовароуннаҳр» барои чоп ба забони англисӣ машғул ҳастам. Ҳадафи аслии ин китоб нишон додани таърихи муқовимат ва равишҳои муборизаи мардуми тоҷик алайҳи истибдоди муғулони ғосиб дар тӯли таърихи беш аз 150 сол аст. Ба гунаи дигар, дар ин китоб натоиҷи заҳомати беш аз 30 соли таҳқиқоти хешро ҷамъбаст кардаам. 
– Барои муваффақ будан чӣ кор бояд кард?
– Ирода муҳимтарин чизе аст, ки ҳар як шахси муваффақ онро дорад. Ман ҳамеша бар истиқомати ирода муътақид будам ва ҳастам. Бидуни иродаи устувор ва муҳаббати вижа, шавқе бар коре ва ё амале ҳосил намегардад. Муҳаббат ба он коре, ки анҷом медиҳӣ, нисфи муваффақият аст. Дигар шартҳои комёбӣ дар зиндагӣ ва кор ин заҳмат ва аз худ гузаштанҳост. Кори хуб, бидуни заҳмат ба даст нахоҳад омад. 
– Зиндагӣ дар муҳоҷират чӣ гуна пеш меравад?
– Зиндагӣ дар ҳар ҷо пеш меравад, зеро бозгашт надорад. Дар зиндагии хеш ҳамаи мо ғарибему муҳоҷирем, на танҳо, онҳое, ки дар муҳоҷирату ғурбатанд. Ҳиҷрат роҳест, ки барои ағлаби ҷӯяндагон табдил шудааст ба як суннат. Сахтиҳои рӯзгори муҳоҷирон шабеҳи мушкилоти дар домани Меҳан будагон нест. Беш аз даҳ сол аст, ки дар Шветсия ва дигар ба ҳама неку бадаш одат кардаам. Фақат руйи беҳтар кардани фазои зиндагӣ ва корҳоям бештар меандешам. Аз он, чи ки ҳам акнун дорам, ҳатто аз шарбати ғурбат қаноатмандам. Шукргузорам, зиндагиам дар хоки ғурбат пеш меравад. Ёди Ватан қуввати дил аст. Меҳри он дар кунҷи дилам ҳакк шудааст. 
– Дар бораи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти тоҷикшиносӣ каме маълумот медодед...
– Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти тоҷикшиносӣ охири соли 2019 таъсис шуда, аз соли 2020 ба фаъолият шурӯъ кард. Маркази он дар Шветсия аст. Ҳамон гуна, ки аз номаш пайдост, ҳадафи аслии он таҳқиқоти илмии таърихи тоҷикон мебошад. Маркази мазкур маҷаллаи илмиву пажӯҳишии «Тӯроннома»-ро нашр менамояд. Ҳайати илмии маҷалла аз устодон ва ховаршиносони маъруфи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Инглистон, Норвегия, Шветсия, Олмон, Русия, Украина, Арманистон, Гурҷистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва ҳоказо  интихоб шудаанд. Муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон аз кишварҳои мухталиф ба забонҳои инглисӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва русӣ матолиби илмӣ ирсол менамоянд. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳе аз муҳаққиқон рӯйи се лоиҳаи илмӣ машғул ба коранд. Дар поин нишони эмейли марказро ҷиҳати иртиботи илмӣ бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти тоҷикшиносӣ дар ихтиёри мухотабин вомегузорам. Аз ҳар навъ ҳамкории муҳаққиқин ва пажӯҳишгарони ӯзбекистонӣ хушҳол хоҳем шуд. 
– Чӣ ҷиҳатҳои мактабу донишкадаҳои Шветсия аз мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон фарқ мекунад? Оё чизҳои ибратнопазир ҳастанд?
– Тавре худ медонед, чи аз диди сохтор, чи аз диди таҳияи барномаҳо, усулҳои тадрису тарбият, одобу русум ва ғайра миёни мактабҳои ин кишвар ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тафовут зиёданд. Бо як калом, чизҳои гирифтанӣ ва омӯхтанӣ аз низоми  таълими мактаби ин ҷо барои кишварҳои собиқ шуравӣ бисёранд.
Афзалияти мактабҳои швед дар муқоиса бо макотиби кишварҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки дар ин ҷо ба бачаҳо аз синфи аввал дарси дуруст андешиданро меомӯзанд.  
– Кор кардан ҳамчун пажӯҳишгар ё олим дар Шветсия осон аст?
– Дар Шветсия ва дар ағлаби давлатҳои Иттиҳоди Аврупо шароити бисёр муносиб барои анҷоми корҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ мавҷуд аст. Ва аммо кор кардан ҳамчун пажӯҳишгар ё олим дар Шветсия чандон осон нест, чаро ки масъулияташ басо ҷиддист. 
– Олимони Шветсия харҷи тадқиқот, харҷҳои дигаре, ки ҳангоми ҳимояи кори илмиашон пеш меояд, аз куҷо мегиранд?
– Тақрибан, тамоми мавзӯъоти таҳқиқот ва пажӯҳишҳо ба шакли лоиҳаҳои илмӣ дар донишгоҳҳо ва институтҳои илмию таҳкиқотӣ таъйид мешавад. Масъули аслӣ барои анҷоми лоиҳаҳои илмӣ шӯрои илмии донишгоҳҳо аст. Ҳамаи харҷҳо, аз ҷумла, харҷҳои довталабони илм ва дифоъи онон ҷузъе аз барномаи илмии шӯрои илмии донишгоҳҳост. Албатта, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо марказҳои илмӣ ва пажӯҳишии ғайридавлатӣ низ фаъоланд, ки баҳсаш ҷудо аз ин суҳбат аст. 
– Ба муштариёни «Овози тоҷик» чӣ гуфтанӣ доред?
– Сипоси фаровон аз Шумои азиз, ки ба ин ҷониб имкони сухан гуфтан ба ҳаводорони «Овози тоҷик»-ро фароҳам сохтед. 
Ҳамаи онҳое, ки дар меҳани падарони хешанду пайваста дунболи тақвияти ҳуввияти таърихиашонанд, мебояд гуфт, меҳанпарастони беҳтаринанд, бад-ин далел, ки решаҳои худро фаромӯш намекунанд ва забону фарҳанги аҷдодиашонро омили аслии пойдории вуҷудашон дар ин рӯзгор медонанд.  
Хушҳолам, ки барои кормандон ва ҳамаи ҳаводорони «Овози тоҷик» озоду нирӯманд буданро таманно мекунам.  
Барои ҳамаи мардуми шарифи кишвари Ӯзбекистон тавфиқу пешрафт мехоҳам.

Улдон ҚАРАЕВА.
Шветсия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: