БО КИТОБ БА СУЙИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ

Мо бояд аз хурдсолӣ фарзандонамонро ба китобхонӣ одат кунонем.

 Зеро «қулфкушои ҳама дарҳо — китоб» дар онҳо ахлоқи ҳамидаро ташаккул медиҳад. Инак, мо чанде аз андешаҳои Зиёвуддин Раҳимро доир ба аҳамияти китобхонӣ, ки дар китоби ӯ «Ба сӯйи зиндагии босаодат» омадааст, пешкаши муштариён месозем.
Мутолиаи китоб ба рӯйи  инсон дари бахту саодатро мекушояд. Бар асари маҷаллаву рӯзномахонӣ ҷаҳонбинии инсон васеъ мегардад. Олимон натиҷа гирифтаанд, ки:
— Китобхонӣ инсонро аз рӯҳафтодагӣ раҳо месозад.
Равоншиносон низ ҷиҳати бартарафсозии рӯҳафтодагӣ китобхониро тавсия медиҳанд. Пас аз шаш дақиқаи мутолиа асабҳои инсон осуда гардида, кайфияташ аъло мешавад.
— Мутолиа ба халосӣ хурдан аз бедорхобӣ кумак мерасонад.
Он яке аз усулҳои озмудаи хотириҷамъӣ мебошад. Равшании телевизор ё телефони дастӣ ба фаъолияти мағзи сар таъсири манфӣ расонда, онро намегузорад, ки дам гирад. Китоб бошад, китобхонро хотирҷамъ намуда, сифати хобро беҳтар мегардонад.
— Аз китобхонӣ қалби инсон нарм мегардад.
Дар рафти мутолиа китобхон ба дарду ғами қаҳрамони китоб шарик гардида, атрофиёнро бештар эҳсос менамояд.
— Аз мутолиаи китоб фаъолияти мағзи сар беҳтар мегардад.
Олимон натиҷа гирифтаанд, ки иқтидори зеҳнии шахси китобхон баланд мешавад ва мутолиа ба  миқдори нахҳои асаби мағзи сар меафзояд.
— Китобхонӣ давои беҳтарини афсурдаҳолист. Азбаски дар рафти мутолиа фикрҳои манфӣ ва васваса аз майнаи сари ингуна беморон дур мегардад, ҳолати рӯҳии онҳоро низ рӯ ба беҳбудӣ меорад.
— Мутолиа ҳисси зебоипарастии инсонро бедор мекунад.
Мутолиа ба зоҳири инсон низ таъсир мегузорад. Азбаски суҳбати китобхон шавқовар аст, атрофиён ба назди ӯ мешитобанд ва мехоҳанд бо ӯ ҳамсуҳбат шаванд.
— Мутолиа ба дарки мақсадҳо ва бартарафсозии мушкилоти зиндагӣ кумак мерасонад.
Инсон ҳар қадар бештар китоб хонад, роҳи ҳаётро бо он андоза дуруст интихоб менамояд. Шиносоӣ бо қаҳрамонони гуногунтақдир ба бартарафсозии мушкилоти зиндагӣ кумак мерасонад.
— Мутолиа хотираро пурзӯр гардонда, қобилияти фикррониро беҳтар месозад.
Китобхон ҳар боре, ки китобро ба даст гирад, майнаи сари ӯ фаъолтар мегардад. Зеро майнаи сар барои ҳифзи маълумотҳо нахҳои навро меофарад. Бар асари сермутолиагӣ  доираи дониши инсон васеъ гардида, аз ҳама соҳаҳо то ҷое бохабар мешавад.
— Аз мутолиа захираи луғат ғанӣ мегардад.
Ҳангоми мутолиа калимаҳои ношинос вомехӯранд. Маънои онҳоро аз ҷумлаҳо метавон дарк намуд. Дар натиҷаи мутолиа дар хонанда маданияти нутқ низ ташаккул меёбад. 
— Мутолиа қобилияти нависандагии шахсро такмил мебахшад.
Дар ҷараёни мутолиа тарзи навишти муаллиф ба китобхон таъсир мерасонад ва ӯ низ дар ифодаи ақидаҳои хаттиву даҳонии худ бевосита аз услуби нависанда истифода мебарад.
— Мутолиаи якҷоя муносибати волидон ва фарзандонро беҳтар мегардонад.
Бино ба маълумоти равоншиносон нисбат ба дигар мулоқотҳо, масалан телевизорбинӣ китобхонии якҷоя ба муносибати волидону фарзандон бештар таъсири мусбат мерасонад.
— Мутолиа мушкилии молиявиро низ бартараф месозад.
Бино ба маълумотҳои статистикӣ 43 фоизи шахсоне, ки тамоман китоб намехонанд, дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд. Дар байни шахсони босавод бошад, ин нишондиҳанда 4 фоиз будааст.
Агар даромади шахси донишманд бо сабабҳои гуногун қатъ гардад, ӯ метавонад барои худ бо осонӣ манбаи дигари  даромадро ёбад. Чунин одамон дар ҳар ҷо, ки фаъолият намоянд — хоҳ дар корхонае ба сифати ходим, хоҳ муассисаи таълимӣ кори илмие оғоз намоянд, ҳамаашро метавонанд бомуваффақият анҷом диҳанд. Яъне имкониятҳои шахси бамаърифат нисбати одамони бесавод бештар аст.
— Бачаҳои китобдӯст фанҳоро хубтар азхуд менамоянд.
Бачае, ки мутолиаи китоби бадеиро дӯст медорад, аз ҳамаи фанҳо «аъло»-хони мактаб мегардад. Ӯ натанҳо грамматика, балки математикаро низ хуб азбар менамояд.
— Мутолиа ба накӯкорӣ даъват месозад.
Мутолиа моро водор месозад, ки кумакрасони муҳтоҷон бошем.
Дар натиҷаи мутолиаи китоби хуб дар шахс меҳрубонӣ, таҳаммулпазирӣ, далерӣ, саховатмандӣ ва дигар фазилатҳои инсонӣ ташаккул меёбад, ки мо чунин шахсро бо як ибора инсони комил меномем.

Тарҷумаи 
Набия НОДИРОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: