Дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шарафи рӯзи низоми кормандони дипломатӣ нишасте баргузор гардид.
Дар он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд Абдуҷаббор Раҳмонзода баромад кард.
– Бо шукргузориҳо метавон гуфт, ки хидмати шоистаи кормандони низоми дипломатӣ мусоидат намудааст, ки риштаҳои дӯстиву рафоқати миёни тоҷикону ӯзбекон сол аз сол мустаҳкам ва ҳамкориҳои ду кишвари ҳамҷавор беш аз пеш доман фарох намоянд, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Ҷаноби сафир ёдовар шуд, ки натиҷаи беҳбуди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мисоли ба унвонҳои олии «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» сарфароз гардидани Шералӣ Ҷӯраев ва Матлуба Додобоева метавон дид.
Баъд Абдуҷаббор Раҳмонзода ба пажӯҳишгари тоҷик Олимҷон Даҷвлатов ва шоиру тарҷимон Файзхоҷа Маҳмуд «Ташаккурнома»-ҳои сафоратро супурд.
– Ин ҷамъомади мо боз як миссияи хуберо низ дар худ гунҷоиш додааст. Ҳунарпешаи хушсалиқаи тоҷикону ӯзбекон Хайрулло Насриддинов бо амри Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон сазовор гардонида шуд. Ҳоло маҳз дар ҳузури шумо ин мукофот ва гувоҳномаи он тантанавӣ ба соҳибаш тақдим мегардад, – эълон кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Баъд вай нишони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон»-ро ба сари синаи Хайрулло Насриддинов овехт ва гувоҳномаашро тақдим намуд.
– Ману Хайрулло Насриддинов зодагони ноҳияи ҳамешабаҳору зебои Бойсун ҳастем. Сокинони ин ноҳия – тоҷикону ӯзбекон ҳамеша дар фазои дӯстиву рафоқат кору зиндагӣ карда омадаанд ва ин анъанаи нек имрӯз низ давом дорад. Хайрулло аллакай ба унвони «Ҳунарпешаи шоиста» сазовор гардида буд ва аз ин хабар сари мо – дӯстонаш ба фалакҳо дакка мехӯрд. Имрӯз боз шоҳиди як воқеаи хубу хотирмон шудам: дӯсти давраҳои наврасиву ҷавониам– Хайруллои азиз ба чунин унвони баланд сазовор шудааст ва инро барош самимона табрику шодбош мегӯям. Ҷойи шубҳа нест, ки ин хабар тамоми аҳли адабу фарҳанги ӯзбекро низ шод хоҳад сохт, – гуфт Шоири халқии Ӯзбекистон Усмон Азим.
Ба таъкиди Усмон Азим ин овозхон рамзи дӯстии тоҷикону ӯзбекон аст ва минбаъд низ дар роҳи хидмат ин рисолатро давом хоҳад дод.
– Аз сазовор гардидани акои Хайруллои Насриддин ба ин унвон ҳамаи мардуми вилояти Сурхондарё шоду мамнун хоҳад гашт. Дар ҳақиқат, вай беҳуда ба чунин унвони баланд соҳиб нашудааст. Дар ин ҷода хидматҳои бузурги вайро мардуми ду кишвари дӯсту ҳамҷавор – Ӯзбекистону Тоҷикистон хеле хуб медонанд, – изҳор намуд Олимҷон Давлатов.
Ёдовар мешавем, ки Хайрулло Насриддинов зодаи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё мебошад. Вай дар авоили солҳои 70-уми асри гузашта Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм кардааст. Пас як муддат ба ҳайси актёр дар Театри давлатии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аммо бо исрори падари шодравонаш ба зодгоҳаш– деҳаи Пусурхии ноҳияи Бойсун баргаштааст ва то ҳол дар байни мардум ҳунарнамоӣ мекунад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».