Саида Мирзиёева бо Сарвазири Қатар мулоқот кард

  • Саида Мирзиёева бо Сарвазири Қатар мулоқот кард
  • Саида Мирзиёева бо Сарвазири Қатар мулоқот кард
  • Саида Мирзиёева бо Сарвазири Қатар мулоқот кард

Дар Доҳа мулоқот бо Ҷаноби Олӣ Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Абдулраҳмон Оли Сонӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот дурнамои густариши муносибатҳои  Ўзбекистону Қатар, инчунин ҷадвали чорабиниҳои пешистода муфассал баррасӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки соли 2023 дар муносибатҳои байни кишварҳои мо давраи гардиш буд. Ҳамоишҳои Самарқанд (5-6 июни соли 2023) ва Доҳа (2 октябри соли 2023) воқеан таърихӣ буданд ва роҳро барои ҳамкориҳои пурмаъно боз карданд. Ҳоло гуфтан мумкин аст, ки муносибатҳои Ўзбекистону Қатар динамикаи комилан нав касб намуданд.

«Мо аз рушди фаъоли ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ манфиатдорем ва интизори ҳамкории зич бо шарикони қатарии худ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҳастем», — гуфт Саида Мирзиёева.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: