КОРХОНАИ НАВИ ХОРИҶӢ

Чин яке аз мамлакати калонтарини ҷаҳон ба шумор меравад.

 Солҳои охир кишварамон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монда, комёбиҳои назаррас ба даст меорад. Дар мамлакатамон бо ҳамкории сармоягузорони чинӣ шумораи корхонаҳои нав сол то сол меафзояд. 

Ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов чанде пеш ҳангоми ташриф ба мамлакати Чин бо соҳибкорони маҳаллӣ вохӯрда, 32 лоиҳаро бо арзиши умумии 3,2 млрд. доллар имзо кард. Аз ҷумла, бо ширкати  «China Mining (Shanxi) Energy GroupCo LTD» ба маблағи 200 млн. доллар шартнома имзо карда шуд, ки дар натиҷа дар ноҳияи Чусти вилоят боз як корхонаи нави истихроҷи мис ба кор медарояд.  
Ба қарибӣ директори ширкат LYU ZHAN, муовин ва роҳбари лоиҳа LIU FANGJUAN ба вилояти Намангон ташриф оварда, дар қабули ҳоким шуданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими лоиҳа баррасӣ гардид. Дар ин хусус дар ноҳияҳои Чуст ва Поп, ки имкониятҳо фароҳам оварда шудааст, бояд корҳои амалӣ оғоз ёбанд.  
Барои маълумот дар вилоят 67-то корхонаи Чин фаъолият дорад. 

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: